Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон

Орзуи Қаҳҳор Маҳкамов ва қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Сиёма”

3322
(Таҷдидшуда 14:31 12.04.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори ҷадид созишномаи инвеститсионӣ миёни Ҳукумат ва ширкати “Авесто Гуруҳ”-ро барои бунёду ифтитоҳи корхонаи “Сиёма” ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат, лоиҳаи созишномаи инвеститсионӣ бо ширкати “Авесто Гуруҳ” барои бунёди корхонаи “Сиёма”-ро ҷонибдорӣ кардааст. Корхонаи мазкур ба тавлиди оби нӯшокӣ ва шароббарорӣ машғул хоҳад шуд.

Раисиҷумҳур раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро муваззаф кардааст, ки созишномаи мазкурро имзо намуда, барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад.

Феълан саҳми ҷониби Ҳукумат дар ин лоиҳа маълум нест.

Расман Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани “Сиёма” дар ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе моҳи марти соли гузашта оғоз бахшида буд ва дафтари матбуоти раисиҷумҳур он замон арзиши лоиҳаро 15 миллион доллари ИМА арзёбӣ намуда буд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур дарёи Сиёма дар масофаи 50 километрӣ аз шаҳри Душанбе дар дараи Варзоб ҷойгир буда, оби он яке аз тозатаринҳодар ҷаҳон ба шумор меравад.

“Тибқи тадқиқоти олимони соҳа оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбӣ расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм басо фоидаовар арзёбӣ карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки оби Сиёма дар байни дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд”, - таъкид кард дафтари матбуоти раисиҷумҳур Тоҷикистон.

Ширкати “Авесто Гуруҳ” дар сомонааш изҳор доштааст, ки оби “Сиёма” барои пешгирии пиршавии бадан мусоидат карда, ивазшавии ҳуҷайраҳои куҳна бо навро суръат мебахшад.

Обрасонӣ аз дарёи Сиёма ба сокинони Душанберо марҳум Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон аз орзуҳои худ хонда буд, ки амалӣ нашуд. Маҳкамов дар яке аз  суҳбатҳо дар солҳои охири умраш бо расонаҳо гуфт, оби Сиёма аз тозатаринҳо дар минтақа буда, мутахассисони олмонӣ гуфтанд, ҳеч ниёзе ба "филтр", ё худ тозакунӣ надорад.  Маҳкамов иттилоъ дода буд, ки иҷрои тарҳ соли 1987 оғоз гардида, то соли 1990 даҳ километр лӯлаҳои қутрашон 1,2 метриро кашида буданд, аммо дар пайи нооромиҳо лӯлаҳо ба яғмо бурда шуданд.

Ширкати “Авесто Гуруҳ”, ки ба истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикану шароббарорӣ машғул хоҳад шуд, чанд соли қабл таъсис ёфта, феълан дар бахшҳои гуногун фаъолият дорад. Аз ҷумла ин ширкат масъули насби низоми пардохти электронӣ дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе интихоб шуда, инчунин ба тавлиди воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар пойтахт машғул мебошад.

3322