Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото

Расулзода макони ҷашни 28-солагии Истиқлолият бо ҳузури Президентро гуфт

2764
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, гуфт, 28 – умин солгарди Истиқлолияти кишвар имсол дар шаҳри Кӯлоб таҷлил мешавад. Ӯ масъулинро муваззаф намуд, ки иншоотро барои ифтитоҳ аз ҷониби раисиҷумҳур омода кунанд

ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Ахиран дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёри Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон,  бо роҳбарон фаъолони шаҳр доир ба шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб ва сатҳи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор гардид. 

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур се мавзӯъ баррасӣ шуд.

"Дар ҷаласаи масъалаи натиҷаҳои иҷрои барномаҳои  мақомоти шаҳри Кӯлоб доир ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, масъалаи рафти иҷрои нақша чорабиниҳо вобаста ба дастуру супоришҳои Сарвазири Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти шаҳри Кӯлоб дар 3-моҳаи соли ҷорӣ баррасӣ шуд", -тавзещ додааст манбаъ.

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз натиҷаи сафари кории худ ба ноҳияи Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб, ки рӯзҳои 10-11-уми апрел сурат гирифт, дар назди ҳозирин гузориш дод.

Қоҳир Расулзода зимни мулоқот қайд намудааст, ки дар иҷрои барномаҳо бахшид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон нисбати сафари қаблӣ, ки моҳи ноябри соли гузашта сурат гирифта буд, каме пешравӣ дида мешавад.

"Он иҷроишеро, ки роҳбари давлат хоҳон асту таваҷҷуҳи бештар дорад, бояд тезонида шавад ва то ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад, ба истифодадиҳии иншооти гуногунро барои ифтитоҳи раисҷумҳури кишвар омода карда шавад", - таъкид намудааст Расулзода.

Инчунин вай қайд намудааст, ки омода кардани боғу гулгаштҳоро то моҳи август бояд ба анҷом расонида шавад.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар анҷоми ҷаласа қарорҳо дар бораи рафти иҷрои барномаҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон қабул карда шуд.

2764
Барчаспҳо:
Кулоб, Хатлон, нақша, сарвазир, Қоҳир Расулзода, Тоҷикистон