Хоруғ тоза мешавад: БАТР барои рушди Хоруғ 8 миллион доллар ҷудо кард

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото.
Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ин миқдор 4 миллион маблағҳои бе бозгашт буда, 4 миллиони дигар ҳамчун қарз дода шудааст.

ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе миёни Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Вазорати молия ва хоҷагии манзилию камуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома имзо шудааст. Дар ин бора сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар медиҳад.

Маблағи умумии шартнома 8 миллион доллари амрикоиро ташкил медихад.

Аз ин миқдор чаҳор миллиони он маблағҳои бе бозгашт буда, чаҳор миллиони дигар қарз.

Тақдими 4 мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон ба ҳукумати ВМКБ  - Sputnik Тоҷикистон
Поммершайм ба мардуми ВМКБ 4 “Тойота”-и тиббӣ дод - акс

Гуфта мешавад, ки ин иқдом дар чорчуби сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони рушд роҳандози мешвад.

Иқдоми мазкур дар асосӣ пиёдасозии ду лоиҳаи муҳим, оиди идоракунии партовҳои сахти майишии шаҳри Хоруғ ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон амалӣ шуда, бо пешниҳоди Ҳукумат бо дарназардошти муҳимияти ин барнома, шаҳри Хоруғ низ ба он ворид карда шуд.

Бояд хотирнишон кард пойгоҳи обу ташноби шаҳри Хоруғ солҳои 60 –уми асри гузашта бо дарназардошти аҳолии 7 ҳазор нафараи он давра бо иқтидори 630 метри кубӣ бунёд гардида, имрӯз аҳолии шаҳр беш аз 31 ҳазор нафар ташкил дода, қариб 5 маротиба афзоиш ёфт, ки талаботи пойгоҳи ташноб ба 2,5 ҳазор метрии кубӣ баробар шудааст ва аксарияти хатҳои обу коррези дар ҳолати фарсудашавӣ карор гирифтаанд.

Дар назар аст, ки барои азнавсозии хати обу коррезӣ 4 миллион доллар ба кор бурда шавад. 

Тарҳи дигар ин идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ аст, ки ҳазинаи сохтмони он 4 миллион доллар аст, ки аз ин 2 миллиони он ҳамчун қарзи бонкӣ мебошад.

Истихроҷи ангишт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ягона кони ангишт дар ВМКБ фаъол мегардад

"Дар асосии амалисозии ин лоиҳа тамоми нуқтаҳои партови шаҳри Хоруғ аз навсози ва бо қутиҳои ахлопарто таъмин хоҳанд шуд",-омадааст дар хабарнома.

Илова бар ин, дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур тасмим аст, ки зиёда аз 11 адад техникаи махсуси комуналӣ барои интиқоли партов таъмин гардида, бунёди мошинсарой ва бозсозии бинои хоҷагии манзили камуналии шаҳр низ дар назар дошта шудааст.

Раиси ВМКБ: бе рушди истеҳсолот пешравӣ номумкин аст

Зиёда аз 2,1 миллион доллари ин лоиҳа барои бунёди чойи навъи ахлотпарто дар масоҳати 5,4 гектар га замини деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнон пешбинӣ шудааст. 

Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз созишномаи нав бо Бунёди Оқохон ва супориш ба Худоёрзода

Дар асосӣ шартномаи ба имзо расида, тасмим аст, ки амалисозии ин ду лоиҳаи муҳим барои маркази вилоят, ба наздикӣ амалӣ шавад.

Лентаи хабарҳо
0