Фурудгоҳи Душанбе, акс аз бойгонӣ

Озода Раҳмон аз бадномсозҳо дар гузаргоҳу фурудгоҳҳо ва шиканҷаю зиндон гуфт

7232
Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори таҳкими мубориза бо афроде шуд, ки амалашон дар гузаргоҳҳои марзию фурудгоҳҳо боиси бадномӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Озода Раҳмон зикр кард, ки бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон  солҳои 2019–2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардиданд.

Бинобар ин ӯ зарур хонд, ки назорати фаъолияти мақомдорон дар гузаргоҳҳои марзӣ пурзӯр карда шавад.

“Аз ҷумла, бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳо ва дигар кирдорҳои иснодоваранда, ки ба рушди сайёҳӣ монеа эҷод менамоянд, зарур аст, ки назорати прокурорӣ аз болои фаъолияти кормандони гумрук, сарҳад ва дигар мақомот дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо пурзӯр карда шавад”, - изҳор дошт роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷаласаи ахири палатаи болоии парлумон.

Вай инчунин аз ҳуқуқу озодиҳои инсон суҳбат карда, мақомоти додситониро муваззаф кард, пешгирии ҳолатҳои шиканҷаро аз ҷониби муфаттишону кормандони оперативӣ таҳким бахшад.

“Мақомоти прокуратура дар самти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бахусус пешгирии ҳолатҳои шиканҷа, назорати иҷрои қонунҳо ва пешгирии қонуншиканиро аз тарафи мақомоти тафтишот ва оперативию ҷустуҷӯӣ пурзӯр намояд”, - таъкид кард роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳур.

Риоя ва иҷрои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз масъалаи дигаре буд, ки ба иттилои нашрияи “Садои мардум”, Озода Раҳмон хостори таҳкими назорати он шуд.

7232