Дети, архивное фото

Талоши мақомоти Хуҷанд барои ҷалби сокинон ба гирифтани фарзанд аз хонаи кӯдакон

214
(Таҷдидшуда 14:47 15.04.2019)
Ахиран дар бинои мақомоти шаҳри Хуҷанд ҷаласаи комиссия доир ба ҳуқуқи кӯдак баргузор шуд, ки дар он наздик ба 30 масъала муҳокима шуд

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, ахиран дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси Комиссияи мазкур, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода иштирок намуда, аъзоёни комиссияро бо рӯзномаи ҷаласа ошно сохт.

Ба гуфтаи манбаъ дар ҷаласаи навбатӣ наздик 30 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Аз ҷумла, масоили шаҳрвандонро доир ба таъин намудани васӣ, барои ба тарбият гирифтани ноболиғон, гирифтани фарзанд аз хонаи кӯдакон шаҳри Хуҷанд, муайян намудани рӯз ва соати муошират бо фарзанд ва ғайраҳоро омӯхта, қарорҳои дахлдор қабул намуданд”, - қайд намудааст манбаъ.

Ҳамчунин аъзои комиссияи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баррасии пешниҳодоти як қатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқро доир ба рафтору кирдорҳои ноболиғонро бо иштироки худи онҳо, маъмурияти мактаб ва волидайнашон мавриди баррасӣ қарор доданд.

214
Барчаспҳо:
ҷаласа, комиссия, Хуҷанд, фарзандхонӣ, фарзанд, Тоҷикистон