Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

ВУД: 4934 ҳолати қоидавайронкунӣ ва 8 ронандаи маст дар як ҳафта дар ҳудуди Душанбе  

86
Дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ 8 ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки ҷиҳати таъмини амният ва пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.

Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 4934 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Аз ҷумла:

-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 8 адад;

-Бе рақами қайди давлатӣ – 19 адад;

-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 1 адад;

-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 116 адад;

-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 85 адад;

-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 18 адад;

-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 8 адад;

-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 56 адад;

-Худсарона баромадан аз хати сайр – 47 адад;

-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 84 адад;

-Вазъияти хавфнок – 10 адад;

-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 1292 адад;

-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 846 адад;

-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;

-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1734 адад.

Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ мебошад.

Ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 8 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Инҳо:

Абдуллозода Бахтиёри Хуршед – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Элантра», рақами қайди давлатиаш 9456 НР 01

Мирхонов Шуҳрат – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел», рақами қайди давлатиаш 2350 НА 01

Шодиев Нурулло Самиуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатиаш 7936 НА 01

Доутов Шамсиддин Қодиралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 0880 АК 03

Валиев Далер Назирмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс», рақами қайди давлатиаш 1205 НА 01

Ҷомиев Комил Акбарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан», рақами қайди давлатиаш 2525 АН 07

Саидов Фарҳод Шамсуддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 8550 ТТ 05

Ёров Исмоил Раҳмонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатиаш 5598 НН 01

Нисбати вайронкунандагони қоидаи ҳаракат дар роҳ чораҳои интизомӣ дида мешавад.

86
Барчаспҳо:
Мастчоҳ, душанбе, ронанда, Тоҷикистон
Рустам Ходжаев стал новым главным тренером Панджшера

Ваъдаи пирӯзӣ дар ҳар бозӣ: тими "Хуҷанд" сармураббии навашро эълон кард:

8
(Таҷдидшуда 10:25 19.01.2021)
Ба ҳайати тими Рустам Хоҷаев Фаррух Марофиев мураббии калон, Мансур Ҳакимовро мураббии интихобӣ ва Алишер Тӯйчиевро ҳамчун мураббии дарвозабонҳо шомил шудаанд.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik.18 январ ноиби чемпиони Тоҷикистон, клуби футболи "Хуҷанд" номи сармураббии нави дастаро эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамакнун тими "Хуҷанд"-ро мутахассиси 48-сола Рустам Ҳоҷаев тамрин хоҳад дод, ки солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд.

Ба ҳайати тими Рустам Хоҷаев Фаррух Марофиев мураббии калон, Мансур Ҳакимовро мураббии интихобӣ ва Алишер Тӯйчиевро ҳамчун мураббии дарвозабонҳо шомил шудаанд.

Рустам Хоҷаев аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра ба даст овард.

Дар мавсими 2020, Хоҷаева ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтанаш иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд.

"Ҳиссиёти махсус дорам, хеле шодам, ки бори дигар ба ин тими калон, ки дорои таърих ва анъанаҳои бой аст, боварӣ карданд. Мехоҳам ба роҳбарияти вилояти Суғд, мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзод ва директори маҳфил Муроҷон Умаров барои эътимодашон ташаккур гӯям. Ман аз мавсими оянда интизориҳои хуб дорам, ба бозигаронам боварӣ дорам, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем. Ва албатта, дар кори худ мо мунтазири дастгирии мухлисони "Хуҷанд" ҳастем".

Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд

Ӯ гуфтааст, ҳамчун як футболбоз ба Хуҷанд омад, ин дастаро тамрин медод ва медонад, ки мардум дар ин ҷо ба таври хос тимро дӯст медоранд ва дастаи худро дастгирӣ мекунанд.

8
Барчаспҳо:
интихоби сармураббӣ, тими футболи "Хуҷанд", Тоҷикистон
Площадь Сомони в Душанбе

Борону барфи тар меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

49
Аз имрӯз сар карда, тақрибан дар саросари Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат бо барфи тар сар мешавад, ки дар кишвар чанд рӯз идома хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҳавошиносон дар Тоҷикистон боришоти барфи тару боронро пешбинӣ карданд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Дар Душанбе ҳавои нимаабрӣ ба қайд гирифта шуда, баъзан борон меборад, ҳарорат рӯзона то + 12-14 ℃ гарм ва шабона 1-3 ℃ сард хоҳад буд.

Дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ бориш на танҳо дар шакли борон, балки барф, шамол низ ба назар мерасад. Дар водиҳо шабона ҳарорат ба сифр ва дар кӯҳҳо ба -3 дараҷа мефарояд ва рӯзона, сарфи назар аз номусоидии ҳаво, ҳаво то 10-15 гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-5,5мм) пешгӯи мешавад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа  хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  19-24 ва рӯзона 12-17 дараҷа  хунук мешавад.

Ба Тоҷикистон гармӣ меояд - пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои ҳафтаи нав

Дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, чунин ҳолат ба назар мерасад, барфу борон меборад ва дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Ҳарорат шабона то -2 дараҷа ва рӯзона то + 11 дараҷа мебарояд.

Дар вилояти Хатлон дар баъзе ноҳияҳо каме борон меборад, рӯзона то + 16 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

49
Барчаспҳо:
борон, барф, сардӣ, гармӣ, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Тоҷикистон