Дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро рабуду дар роҳ чапа кард: зарар 10 ҳазор сомонӣ

© ОтырарАвария в Туркестанской области
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Конибодом-Б.Ғафуров-Деҳмой” аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, онро чаппа кардааст

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рабудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ хабар додааст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мошин чаппа шуд ва ронанда ҳалок гашт: тафсилоти садама маргбор дар роҳи "Душанбе-Чаноқ"

Манбаъ афзудааст, ки бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт бидуни мақсади тасарруф, дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 8-уми марти соли 2019, тахминан соати 23:40-дақиқа, дар ҳолати мастӣ автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”-ро, ки ба марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

Зимни ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Конибодом-Б.Ғафуров-Деҳмой” аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, онро чаппа кардааст.

Зарари расонидашуда 10 000-сомониро ташкил медиҳад.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 252 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0