Тонированное стекло у машины, архивное фото

ВУД: аз пардохт накардани пули мошин то ғайриқонуни сиёҳ кардани оинаҳои нақлиёт

252
Кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ҷиҳати пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ пайваста дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди пойтахт чорабиниҳои мақсаднок ва рейду амалиётҳои профилактикӣ доир мекунанд

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон якчанд ҳолатҳои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани оинаи воситаи нақлиёт ва пардохт накардани маблағи автомобилро ошкор кардааст.

Манбаъ афзудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини шаҳри Бохтар бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, моҳи июли соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Ренҷ-Ровер”-ро ба маблағи 28 000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда гирифтааст. Аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ пайваста дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди пойтахт чорабиниҳои мақсаднок ва рейду амалиётҳои профилактикӣ доир мекунанд.

Дар натиҷаи баргузории як амалиёт якчанд далели бе иҷозатнома сиёҳ кардани оинаҳои воситаҳои нақлиёт ошкор карда шуда, нисбати соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт бо моддаи 330 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Аз ҷумла, нисбати ронандагони зерин;

Шарипов Некрӯз Гадомадович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Лендкрузер», аломати қайди давлатиаш 1000 ОС 01;

Насимов Ёқубҷон Маҳмадноримович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус», аломати қайди давлатиаш 2929 СС 01;

Давлатзода Ҳасан Искандарпур, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», аломати қайди давлатиаш 0007 НТ 01;

Аминов Уктам Алиевич, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», аломати қайди давлатиаш 4300 ВН 01;

Тураев Мирзохуҷа Каримович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», аломати қайди давлатиаш 0100 МО 01;

Сафаров Амирҷон Суҳробович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», аломати қайди давлатиаш С0738К 01;

Шарифов Саймурод Саймуҳиддинович, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Саната», аломати қайди давлатиаш С2314К 01.

Моддаи 330. Идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои оинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира ё маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост

1. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, инчунин идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои оинагӣ,-

ба андозаи яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, бидуни иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ,-

ба андозаи яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

3. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост,-

ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. “ҚҶТ 09.01.2010 №577”.

252
Барчаспҳо:
ронанда, қоидавайронкунӣ, ВУД, Душанбе, Тоҷикистон