Завод “Талко-Крантас”, архивное фото

ТАЛКО: мо таёрем аз истеҳсолот ва имкониятҳои молии Русия истифода кунем

119
ТАЛКО мехоҳад диққати институтҳои калони молиявӣ ва сохторҳои тиҷории Русияро ба лоиҳаҳои худ ҷалб кунад, гуфтааст роҳбари Шӯрои мудирони гуруҳи “ТАЛКО” Шералӣ Кабир

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Роҳбарияти корхонаи давлатии “ТАЛКО” барои ба имзо расонидани созишнома бо гуруҳи ВТБ омодагӣ дида истодааст, тавзеҳ додааст роҳбари Шӯрои директорҳои гуруҳи “ТАЛКО” Шералӣ Кабир дар ҷараёни 7-умин конфронс оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон.

“Имсол ТАЛКО 45-сола шуд. Ширкат дар заминаи камбинати алюменӣ сохта шудааст ва акнун бо шарофати дастгириҳои ҳукумати Тоҷикистон ин яке аз гуруҳҳои ширкат мебошад. Имрӯз, мо на танҳо алюменӣ истеҳсол мекунем, аммо дар соҳаҳои металургия, кимиё ва канданиҳои куҳӣ фаъолият дорем”, - гуфт он.

Ба гуфтаи Шералӣ Кабир кушодашавии заводҳои нави ТАЛКО имкон доданд, ки на танҳо талаботҳои Тоҷикистонро қаноатбахш гардонад, балки аз соли 2018 инҷониб ба Русия, Қазоқистон, Озорбойҷон ва дигар кишварҳо алюменӣ ва криолит содир карда шавад.

ТАЛКО ҳамчунин фаъолона ба кофтукоби ҷойҳои нави истихроҷи конҳои зери заминӣ машғул аст. Ширкат нақша дорад ба муносибати 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон заводи ихроҷи тилло ва сурма бисозад.

“Мо тайёрем аз истеҳсолот ва имкониятҳои молиявии Русия истифода барем. Агар роҳбарияти Русия хоҳиши ҳамкорӣ дар ин ҷода дошта бошад мо таёрем гуфту шунид кунем. Дар ҳама лоиҳаҳои мо, ки онҳо хело зийданд, Русия мақоми худро пайдо карда метавонад. Мо умедворем, ки институтҳои калони молиявӣ ва сохторҳои тиҷоратии Русия дар лоиҳаҳои мо иштирок хоҳанд кард”, - гуфт Шералӣ Кабир.

Айни ҳол ТАЛКО барои ба имзо расонидани созишнома бо ВТБ омодагӣ дида истодааст.

“Ин бори аввал аст, ки дар лоиҳаҳои тиҷории Тоҷикистон чунин интитути молиявии азими Русия иштирок мекунад. Вобаста ба ин мо нақшаҳои зиёд дорем”, - қайд кард роҳбари Шӯрои мудирон.

Вай ҳамкориҳо миёни тоҷирони ҳарду ҷонибро муҳим арзёбӣ кард.

119
Барчаспҳо:
корхона, Русия, ТАЛКО, Тоҷикистон
Девочка плачет, архивное фото

Шарҳи пурраи ҳодисаи таҷовузи духтарчаи сесола дар Душанбе

14
(Таҷдидшуда 13:59 10.08.2020)
Прокуратураи генералии Тоҷикистон шарҳи бештари ҳодисаи таҷовузи духтарчаи сесола дар пойтахтро аз суи як ҷавон нашр кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Зиёев Юсуф Раҷабалиевич, ки қаблан ду маротиба суд шуда буд, аз гузаштаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз дар ҳолати ретсидиви хавфнок ба содир намудани ҷиноятҳои қасдонаи махсусан вазнин - таҷовуз ба номус ва ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида даст задааст. 

Манбаъ мегӯяд, ӯ бо мақсади мардикорӣ ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷои зисти доимӣ надошт, мунтазам машруботи спиртӣ истеъмол намуда, дар даромадгоҳҳои хонаҳои истиқоматии баландошёна, майдончаҳои варзишӣ ва кӯчаву паскӯчаҳои беодам шабҳоро гузаронидааст.

  “05 майи соли 2020 ҳангоми гузаштан аз кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев, бинобар ҳолати мастии майзадагӣ ҳиссиёти шаҳвониаш боло рафта буд, хурдсол “А”, соли таваллудаш 2017-ро танҳо дида, дар вуҷудаш қасди содир намудани алокаи ҷинсӣ ва ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ ба вуҷуд омадааст”,-афзудааст манбаъ.

  Ӯ бо роҳи фиреб, бо баҳонаи аз мағоза барояш харидани маводи хурока, охиринро тариқи автомашинаҳои мусофиркаши ҷамъиятӣ аз кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев ба кӯчаи Зарафшон-2 ноҳияи Сино бурдааст.

  “Зиёев Ю.Р. баъд аз ин, ба назди истгоҳи трансформатори № 9/4 ноҳияи Сино омада, аз ҳолати кушода будани дари хуҷраи трансформатори мазкур ва набудани одамони гирду атрофи он истифода карда, духтари хурдсол “А”-ро дохили ҳуҷраи номбурда, ки тавоноии 1000 кВА-ро дорад, даровардааст. Барои озодона анҷом додани қасди ҷинояткоронаи худ, шароит фароҳам оварданӣ шуда, аз гирду атроф як адад палос ва курпаи истифодашудаи фарсударо пайдо карда, дар замин партофтааст”,-мегӯяд манбаъ.

  Тибқи иттилои манбаъ, ӯ аз ҳолати оҷизии духтари хурдсол “А” истифода карда, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудааст. Баъди содир намудани ҷинояти таҷовуз ба номус ва анҷом додани ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

 Гуфта мешавад духтарчаро 7 майи соли 2020 шаҳрвандон дар кӯча танҳо дарёфт намуда, дар ин хусус ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Дар пайи чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯйи номбурда боздошт гашта, аз суи додгоҳи шаҳри Душанбе санаи 9 июли соли 2020 бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамеша зиндонӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол мақомот, аз вазъи саломативу равонии духтарча иттилоъ надодааст.

 

14
Люди в масках в городе

Ширин Исматуллозода дар бораи мубориза бо COVID - 19: "мо хотирҷамъ шудаем, ки хато аст"

53
Ширин Исматуллозода мусовини сарвазири Тоҷикистон гуфт, зарур аст, мисли рӯзҳои аввали пайдоиши COVID - 19 сарҷамъона корро ба роҳ монда байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар кунем

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Муовини сарвазири кишвар Ширин Исматуллозода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон 8 август аз муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Бохтар, Кӯшониён ва Вахш дидан намуда бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон доир кардааст.

Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз мактаби рақами 42 дидан карда, бо ҷараёни омодагии ин мактаб ба соли нави ошно шудааст. Масъулини муассиса иттилоъ доданд, ки дар назди мактаб имсол бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор мегирад ва ҳамзамон дар паҳлуи мактаб бунгоҳи тиббӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст, ки барои мактаббачагон ва ҳайати омӯзгорон хизмат мекунад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Муовини Сарвазир таъкид карда, ки дар шароити пандемия мактаб низ яке аз мавзеъҳои осебпазир ба ҳисоб меравад ва ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии  COVID-2019 тамоми чораҳои беҳдоштиро биандешанд. Аз ҷумла, пӯшидани ниқоб ва ҳар лаҳза шустани дастонро ба хонандагон таъкиду ташвиқ намоянд.

Дар шаҳри Бохтар Исматуллозода бо фаъолияти фабрикаи ресандагии ҶСШК «Ресанда», ки ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ, либосҳои муҳофизатии тиббӣ ва либосҳои мактабӣ машғул аст, шинос шудааст. Инчунин муовини сарвазир бо як коргоҳи дӯзандагии шаҳр ва омодагии занони бохтарӣ ба фасли зимистон шинос шудааст.

Ширин Исматуллозода боз бо дастури президент ба сафар баромад: ин дафъа ба Кӯлоб рафт

Дар беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар Ширин Исматуллозода бо табибону беморон ва наздикони онҳо суҳбат карда, ба масъулини беморхона таъкид намудааст, ки тамоми имкониятҳои худро ба хотири саломатии мардум истифода кунанд.

Дар ноҳияи Кӯшониён муовини сарвазир бо вазъи беморхонаи марказии ноҳия ва фаъолияти коргоҳи дӯзандагии ташкилоти ҷамъиятии «Наҷиба» шинос шудааст. Бино ба иттилои масъулин, соли равон коргоҳ бо чанд мактаби маркази ноҳия шартнома баста, онҳоро бо либосҳои мактабӣ таъмин менамояд.

Исматуллозода ҳамчунин аз шуъбаи қабул ва сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Вахш дидан карда, бо кормандони ин муассиса оид ба пешгирии COVID-2019 ва сари вақт дарёфт кардану ба табобат фаро гирифтани беморон суҳбат кардааст.

Пас аз боздиду шиносоӣ бо муаасисаҳои таълимию тандурустии шаҳру ноҳияҳои болозикр, бо иштироки Ширин Исматуллозода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон доир гардид.

Ширин Исматуллозода зикр намудааст, ки дар пешгирии COVID-19 аз рӯзи аввали бақайдгирияш сарҷамъона тавонистем шиддати онро дар ҷумҳурӣ паст кунем. Бо дастуру супоришҳои Президент тамоми сохторҳои давлатӣ дар ҳамбастагӣ кор карданд. 

"Мутаассифона, имрӯз як навъ хотирҷамъ шудаем, ки ин хатост. Моро зарур аст, ки боз ҳам мисли ҳамон рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ сарҷамъона корро ба роҳ монем. Байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар кунем. Фаъолияти муаасисаҳои кумаки аввалияро тақвият бахшида, гашти хона ба хонаро аз нав эҳё карда, дар пайдо намудану сари вақт ба табобат фаро гирифтани беморон кумак намоем", — гуфт Ширин Исматуллозода.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошта, ки дар арафаи соли нави хониш зарур аст, ки корро бо мактабҳо пурзӯр карда, хонандагонро бо ниқобҳои тиббӣ ва маводи антисептикӣ таъмин намоем.

53
Барчаспҳо:
бунёди табобатхона, мактабҳо, Хатлон, боздид
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон