Нуриддин Саидзода

Пешниҳоди Нуриддин Саид ба Русия: ба Тоҷикистон мутахассисони соҳаи саноат омода намоед

1127
(Таҷдидшуда 20:51 16.04.2019)
Тоҷикистон барои бо суръат аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтанаш, ба мутахассисони соҳаи саноат ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Нуриддин Саид, вазири маорифи кишвар гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон  ба Русия пешниҳод намудааст, ки ба ҷумҳурӣ барои омода намудани мутахасссисони соҳаи саноат кумак намоянд.

Вазири маориф зимни суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд намуд, ки ҷониби Русия пешниҳодҳои Тоҷикистонро пазируфтааст.   

“Тоҷикистон бояд аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил ёбад.  Татбиқи ин ҳадаф бидуни омода намудани кадрҳои соҳаи саноат ғайри имкон аст. Ба ҳамин хотир мо ба ҷониби Русия пешниҳод кардем, ки ғайр аз квотаҳои мавҷуда дар риштаҳои гуманитарӣ, омӯзгорӣ, китобдорӣ, фарҳанг санъат, дар соҳаи саноат низ квотаҳои бештар ҷудо карда шавад”, - таъкид намуд Нуриддин Саид.

Вай афзуд, ки Тоҷикистон хусусан ба Русия пешниҳод намудааст, ки барои омода намудани мутахассисон дар риштаҳои нанотехнология, технологияҳои биокимёӣ, IT технология, технологияи рақамӣ, иқтисодиёти рақамӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва вазнин, кофтуков ва коркарди газу нафт, саноати кӯҳӣ ва маъдан, коркарди фулузот ва ғайра кумак намоянд.

“Русия пешниҳоди моро қабул кард. Дар ҳоли ҳозир дар ин бора созишнома ба имзо нарасондем, аммо пас аз розигиии Русия метавонем сари ин масъала кор кунем. Ба Русия пешниҳод кардем, ки дар доираи квотаҳои мавҷуда барои ҳамин ихтисосҳои дар боло зикршуда ҷой ҷудо карда шавад”, - қайд намуд вазири маорифи кишвар.

Вай инчунин гуфт, Русия пешниҳодҳои Тоҷикистонро хусусан дар заминаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ пазируфт.

“Сухан дар бораи тайёр кардани кадрҳои коргарӣ дар литсейҳои касбии техникӣ меравад. Дар самти таҳсилоти миёна касбӣ, яъне тайёр кардани ихтисосҳои коргарии сатҳи таҳсилоти миёна дар колеҷҳо ва ҳамчунин дар сатҳи таҳсилоти олии касбӣ, хусусан дар риштаҳои тахассуси дар боло зикр шуда ва тайёр кардани кадрҳои дорои унвонҳои илмӣ ва дараҷаҳои илмӣ пешниҳодҳои мушахас кардем. Русия ин пешниҳодҳоро низ қабул кард”, - қайд намуд Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон.   

1127
Барчаспҳо:
пешниҳод, ҳамкорӣ, Русия, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Сафари расмии дурӯзаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия (18)