Дастур ба милисаҳо барои муносибати хуб бо аҳолӣ ва сайёҳон дар ВМКБ

© акс аз сомонаи ВКД ТоҷикистонГенерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ
Генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурини милиса дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дастур гирифтаанд, ки бо аҳолӣ ва сайёҳон хушмуомила ва бомасъулият бошанд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин нукта дар ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи мақомоти умури дохилӣ таҳти раёсати генерал Абудраҳмон Аламшозода таъкид гардид.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Хоруғ тоза мешавад: БАТР барои рушди Хоруғ 8 миллион доллар ҷудо кард

Аламшозода бо зикри “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019 – 2021, афзудааст, ки ВМКБ яке аз минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ мебошад.

“Бояд корманди сохтори қудратӣ бо дониши баланду малакаи касбӣ, муносибату муоширати хуб бо аҳолӣ бо дарки масъулияти баланди хизматӣ муносибат намуда, дар мубориза ба ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷиҳати саҳм гузоштан ба оромиву осоиштагӣ ба давлату миллат содиқона хизмат намояд”, - таъкид кардааст сардори раёсати ВУД дар ВМКБ.

Гардишгарони хориҷӣ дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
"Ҳотел" даромаду беҳуш шуд: пизишкони Хоруғ гардишгари амрикоиро наҷот доданд

Манбаъ зикр кардааст, ки Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар баробари таъмини тартибот инчунин дар баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона, шинонидани дарахту ниҳолҳо, гулу бутаҳои ороишӣ ва ободу зебо гардонидани Ватани азиз нақши назаррас гузошта истодаанд ва минбаъд низ тасмим гирифтаанд саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи РВУД дар ВМКБ зикр шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар 3 моҳи аввали соли 2019, дар вилоят 196 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ошкоркунии он 90 фоизро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0