Прилавок с мясом птицы, архивное фото

Ба мардум не, ба ҳайвонот: Ожонс 2 ҳазор кило гӯшти пастсифатро ба боғи ваҳш равон кард

155
(Таҷдидшуда 18:17 19.04.2019)
Ожонсии “Тоҷикстандарт” 2 ҳазору 343 кило гӯшти мурғи воридотие, ки зимни санҷиши мутахассисони “Тоҷикстандарт” бе сифат ва хатарнок дониста шудааст, ба “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе интиқол дода шуд

ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии “Тоҷикстандарт” мутахассисони ин муассиса зимни гузаронидани санҷиши маҳсулоти гӯшти мурғи истеҳсоли Туркия, ки миқдори умумиаш 21 тоннаю 108 килоро ташкил медод, муайян намуданд, ки он аз рӯи санаи истеҳсол ба панҷ гурӯҳ раддабандӣ гардидааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки аз ин миқдор 2 ҳазору 343 кило гӯшти мурғ аз рӯи нишондоди сифат ва бехатарӣ ба талаботи Регламенти техникии Тоҷикистон “Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” мутобиқат накардааст. Ба ҳамин хотир гӯштҳои мурғ ба “Боғи ҳайвонот”-и Душанбе интиқол дода шуд.

Манбаъ қайд намудааст, ки 21 тоннаю 108 кило гӯшти мурғ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ аз Туркия ворид карда шудааст.
Мақомоти “Тоҷикстандарт” аз соҳибкорону воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ хоҳиш намудааст, ки дар самти ворид намудани молу маҳсулот ба қаламрави кишвар манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоранд.

155
Барчаспҳо:
душанбе, Боғи ваҳш, пастсифат, гӯшти мурғ, Мурғоб, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Паём: президент ба мардуми Тоҷикистон раҳмат гуфт - чаро?

143
(Таҷдидшуда 11:13 26.01.2021)
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ироаи паёми соланааш ба мардуми Тоҷикистон барои дастгирии иқдомҳояш изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президент омори вориди гӯшти мурғро аз хориҷ дар ду соли пеш ба миён гузошта, гуфт, ки танҳо ду сол пеш аз хориҷ ба Тоҷикистон 60 ҳазор тонна гӯшт ворид мешуд.

"Аз ин ҳисоб, 50 миллиард доллар маблағи кишвар ба хориҷ мерафт", - таъкид кард президент.

Вай афзуд, ки дар натиҷаи имтиёзҳои додаи ҳукумати ҷумҳурӣ, соҳаи чорводорӣ ва парвандапарварӣ сол ба сол рушд мекунад.

Ноиби вазир гуфт, истеҳсоли гӯшт, шир, ғалла, картошка зиёд шуд: чӣ қадар?

"Дар натиҷа истеҳсоли ватании гӯшти мурғ то 30 ҳазор тонна расонида шуд ва агар рушди соҳа ба ҳамин минвол давом ёбад, баъди ду сол ниёз ба воридоти гӯшти мурғ намемонад", - таъкид кард вай.

Президент дар ҳамин ҷо махсус қайд кард, ки маҳз қонуни танзим имкон дод, ки чорвопарварӣ низ рушд кунад.

"Раҳмат ба падару модари мардуми Тоҷикистон, ки қонуни танзимро риоя карданд ва моро дастгирӣ карданд ва ба ин роҳ саршумори чорво ду маротиба афзоиш ёфт, ки дар натиҷаи истеҳсоли гӯшту маҳсулоти ширӣ зиёд шуд", - таъкид кард раисҷумҳур.

143
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во Дворце культуры в Матчинском районе

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ тавр ба муҳоҷирати меҳнатӣ хотима дод

34
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, соли 2020 бо сабаби пандемияи “вируси корона” 80% - и муҳоҷирини ммеҳнатӣ натавонистанд ба берун раванд.

“Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро бо кори доимӣ таъмин кунем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд, 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

“Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, - гуфт президент.

Вай афзуд, пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2% зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.

34