Рахмон и Рустам Эмомали дали старт строительству 7 новых школ в Душанбе

Президент гуфт, ҳудуди Душанбе аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ 8 ҳазор гектар васеъ мешавад

697
(Таҷдидшуда 14:25 20.04.2019)
Ҳудуди пойтахт мувофийи нақшаи генералии Душанбе васеъ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 20 апрел пас аз Амфетиатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо фаъолони пойтахт мулоқот кард.

Раисҷумҳур дар суханрониаш аз дастовардҳои Душанбе ва нақшаҳои корҳои ободонӣ гуфт.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон Душанбе ба наздикӣ ҳудуди 8 гектар васеътар мешавад.

"Айни замон нақшаи генералии шаҳри Душанбе мавриди амал қарор дорад, ки дар асоси марҳалаи якуми он ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба масоҳати 7,6 ҳазор гектар васеъ карда мешавад", - афзуд вай.

Раисҷумҳур таъкид намуд, ки баробари васеъ шудани ҳудуди пойтахт бунёди иншоотҳои зиёд низ дар назар аст.

Ёдрас мешавем, ҳанӯз моҳи январи соли 2017  баъди таъин шудани Рустам Эмомалӣ ба мансаби раиси пойтахт, маълум шуда буд, ки  мувофиқи нақшаи нави генералӣ ҳудуди пойтахти Тоҷикистон  тақрибан ду баробар фарох мешавад: аз 12,7 то 22,2 ҳазор гектар.  

Бар асоси нақшаи пешниҳодкардаи Кумитаи сохтмону меъморӣ то соли 2040 масоҳати Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Ваҳдат  ва Ҳисор  бештар мешаванд.

697
Рахимзода посетил семью Эмомовых

Ҳадяи хотиравии Аҳмадзода ба хонаводаи Эмомовҳо

2
(Таҷдидшуда 17:14 03.08.2020)
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода аз хонаводаи аз хонаводаи Эмомовҳо боздид карда ба онҳо туҳфаи хотиравӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар деҳаи Тоҷикобод аз манзили истиқоматии шаҳрванд Муҳаммадшоҳ Эмомов боздид намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Муҳаммадшоҳ Эмомов ва аҳли оилаи ӯ имрӯзҳо бо истифода аз мавсими ғуну чини ҳосил барои зимистонгузаронӣ омодагӣ мебинанд.

Манбаъ афзуда, ки оилаи Эмомовҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани тирамоҳу зимистон ба таври кофӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла гандум, равған, шолӣ, лӯбиё, мош, картошка, пиёз, сирпиёз, сабзиву гӯшти қоқро захира намудааст. Аъзои ин оила ҳамзамон аз дастранҷи деҳқонии худ маҳсулоти консервагӣ низ омода намуда истодаанд.

"Раиси вилоят аснои боздид таҷрибаи ин оиларо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда, ба Муҳаммадшоҳ Эмомов туҳфаи хотиравӣ тақдим кард", - омадааст дар хабарнома.

Аҳмадзода таъкид кардааст, ки бояд ҳар як оила бо истифода аз имконоти худ маҳсулоти барои рӯзгор заруриро нигаҳдорӣ намояд.

2
Барчаспҳо:
ҳадя, кумак, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд
Сомони в конверте, архивное фото

"3 000 деҳ, хориҷ намекунам": парвандаи декани Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон

9
Нисбати декан вобаста ба кирдорҳои содирнамудааш парванда оғоз карда шуда, айни замон тафтишоти пешакӣ ба итмом расида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст”

ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд мегуяд, декани Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон даст ба қаллобӣ зада, маблағи як шаҳрвандро аз худ намудаст.

Бино ба иттилоъи ин ниҳод, Эгамов Мухтор Ҳасанович дар вазифаи декани факултаи электромеханикаи Донишкадани кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Облоқулов Воҳид Мирзоқулович, муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултаи мазкур аз шаҳрванд Ғ. А., барои хориҷ накардан аз Донишкадаи мазкур 3000 сомониро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудаанд.

“Нисбати Эгамов М., вобаста ба кирдорҳои содирнамудааш бо дастрасии моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б, в, г” (қаллобӣ) и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, айни замон тафтишоти пешакӣ ба итмом расида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст”, - иттилоъ медиҳад Ожонсии мубориза бо фасод.

Ин ниҳод дар нишасти хабариаш иттилоъ дод, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 339 ҷинояти олуда ба фасодкорӣ ва иқтисодии характери коррупсионидоштаро ошкор кардааст.

ВУД: Мудири Коллеҷи пизишкии Конибодом ҳангоми дарёфти пора дастгир шуд

Дар ин миён ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, Кумитаи заминсозӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бештар ошкор шудааст.

9