Межпарламентская ассамблея СНГ

Зуҳуров ба кишварҳои ИДМ: пешгирии омилҳои ба вуҷудоварандаи терроризмро тақвият диҳед

139
Ҳайати парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров барои иштирок дар ҷаласаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои ҳамсуд ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар карда буд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Зимни сафар Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон ва аъзои ҳайат, дар кори ҷаласахои маркази иттилоотию ҳуқуқӣ, комиссияҳои доимоамалкунандаи СААД, комиссияҳои доимоамалкунандаи Ассамблеяи Байнипарламентӣ, 49-умин ҷаласаи пленарии Ассамблеяи мазкур ва конференсия доир ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Парлумони Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти ҷаласаҳои зикршуда, аз ҷониби намояндагони ҳайатҳои парламентии кишварҳои ҳамсуд як қатор лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ (моделӣ), ҳамзамон тавсияҳо барои ҳаммонандкунонии қонунгузории давлатҳои ИДМ дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Манбаъ қайд намудааст, ки пас аз танафуси чандинсола дар кори ҷаласаҳо, ҳайатҳои парлумонии Узбакистон ва Туркманистон низ ширкати намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур раиси Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров эълон намуд, ки муносибатҳои байнипарламентии кишварҳои узви ИДМ дар самти пешгирии омилҳои ба вуҷудоварандаи терроризм тақвият дод шаванд.

“Дар рафти баррасии масъалаҳои 49-умин ҷаласаи як зумра қонунҳои моделӣ қабул карда шуданд, ки аз ҷониби раиси Комиссияи доимоамалкунандаи Асамблеяи мазкур-раиси Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ ба саҳми иштирокчиён пешниҳод гардид”, таъкид намудааст манбаъ.

Дар фарҷоми ҷаласаи, бархе аз намояндагони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ҳамсуд, аз ҷумла Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар фаъолияти қонунэҷодкунӣ ва рушди муносибатҳои байнипарламентӣ бо мукофотҳои фахрии Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои ИДМ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур нақшаҳо барои фаъолияти минбаъдаи Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои ИДМ барои солҳои 2019-2020 дар самти қонунгузорӣ муайян карда шуданд.

139
Барчаспҳо:
ҷаласа, Парлумон, Шукурҷон Зуҳуров, Русия, Тоҷикистон
Новая эстакада в Душанбе

Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд: садама дар эстакадаи Душанбе - видео

159
Ронандаи 30 - сола, ки воситаи нақлиёташро бо суръати баланд меронд, нахуст ба монеасанги канори роҳ ва сипас ба поясутуни симчӯб бархӯрда автомашинаашро чаппа кард

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохили дар шаҳри Душанбе, навор аз як садамаи нақлиётӣ дар эстакадаи пойтахтро шарҳ дод. Навори мазкур чанде пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва мавриди баҳси корбарон қарор гирифт.

Зимнан, кормандони пулис ронандаи автомашинаеро, ки пас аз бархӯрдан ба монеасанги канори роҳ ва поясутуни симчӯб чаппа шуда буд, дастгир намуданд.

Дастгиршуда Оев Қосими 30 - сола, сокини шаҳри Душанбе буда, санаи 13-уми август, тақрибан соатҳои 15:00 дақиқа ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Н.Махсум ба тарафи кӯчаи Б.Ғафуров дар рӯ ба рӯи истгоҳи воситаҳои нақлиёти мусофирбар, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеасанги (бардюр) канори роҳ ва сипас ба бетони поясутуни симчӯб бархӯрда, автомашинаи худро чаппагардон кард.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: ВУД аз қурбонии ҳодиса гуфт

Манбаъ меафзояд, дар садамаи мазкур касе осеби ҷиддӣ надид.

Зимни пурсиш маълум гардид, ки  ронанда бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ худравашро бо суръати ниҳоят баланд идора мекард, ки дар натиҷа ба садама дучор шуд.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ дар ин самт ҷараён дорад.

159
Преступник за решеткой

Аз мошину бӯстонсаро то 5 зану 10 фарзанд: Эшон аз Данғара марди чиниро фиреб дод - навор

162
(Таҷдидшуда 18:33 14.08.2020)
Эшонқул Зоиров,  аз ҳисоби маблағҳои шарики чинияш барои худ шаш мошини хориҷӣ бо арзиши 190 ҳазор доллар, чорвои хурд, 15 ҳазор доллар аспи бузӣ, 25 ҳазор доллар мебел, ва беш аз ним миллион доллари дигарашро дар Душанбею Варзобу Данғара манзилу бӯстонсаро харидааст.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Эшонқул Зоиров, мулаққаб ба Эшон сокини Данғара хабар медиҳад, ки барои қаллобӣ ба маблағи наздики 2 миллион доллар муттаҳам мешавад.

Тибқи гузориши телевизионии ВКД Эшонқул Зоиров соли 2017 бо шаҳрванди Чин Ли Хо Фу шинос шуда, якҷоя ҷамъияти масъулияташ маҳдуд (ҶММ)-и истихроҷи маъданҳои кӯҳии Тоҷикистону Хитойро таъсис дода, худашро раҳбару шарикашро муовин таъйин намудааст.

Ба иттилои манбаъ, Зоиров бо роҳи фиреб ба боварии Ли Хо Фу даромада, ба ӯ ваъда медиҳад, ки иҷозатномаи истихроҷи тилло ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои заруриро аз ҳукумати Тоҷикистон мегирад.

Ӯ тайи солҳо 2017 то моҳи майи 2020 аз шаҳрванди Чин 1 миллиону 602 ҳазору 927 доллар гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф кардааст.

Дар гузориши видеоӣ худи ҷабрдида Ли Хо Фу низ изҳор дошт, ки сар аз соли 2017 Эшон бо баҳонаи гирифтани иҷозатномаи барои коркарди кони тилло аз ӯ беш аз 1 миллиону 600 ҳазор доллар гирифт, аммо то ҳануз онро нагирифтаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда аз ҳисоби маблағҳои шарики чинияш барои худ шаш мошини хориҷии гаронбаҳо бо арзиши беш аз 190 ҳазор доллар,  8,5 ҳазо доллар чорвои хурд, 15 ҳазор доллар аспи бузӣ, 25 ҳазор доллар мебел, ва беш аз ним миллион доллари дигарашро дар Душанбею Варзобу Данғара манзилу бӯстонсаро харидааст.

Зоиров Эшонқул баъди оне аз сӯи кормандони пулиси ноҳияи Лахш боздошт мешавад, бо мақсади тарсондани шаҳрвандони Хитой ва барнагардондани маблағҳои гирифтааш санаи 8 майи соли 2020 ҳангоми дар деҳаи Қандоби ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш қарор доштанаш аз рӯи ҳиссиёти авбошӣ ба тарафи Ву Ли Гуа ва шаҳрванди Қирғизистон Баги Эдир аз милтиқи шикории ду маротиба тир холӣ кардааст, ки дар натиҷа Ву Ли Гуа зарари ҷисмонӣ бардоштааст, афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, замони баррасии парвандаи ӯ маъмурини пулис панҷ ҳолати дигари фиребкориҳояшро ошкор кардаанд.

ВУД мегӯяд, Зоиров Эшонқул бо баҳонаи тиҷорати муштарак аз Тоҷиддинов Амонхӯҷа, сокини Исфара 10 ҳазор доллар, аз Ибрагимов Илҳомҷон сокини Хуҷанд барои ҳуҷҷатгузории замини мағоза 12 ҳазор доллар гирифта, ҷои замини мағоза аз Қирғизистон як сар аспи бузкашӣ барои худ харидааст.

Боздоштшуда ҳамчунин аз Мирзоҳотам Абдуҳакимович, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ тунука гирифта, моҳи июни соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии сокини Душанбе Давлатов Фахриддин даромада, ба маблағи 213 ҳазор сомонӣ ва 41 ҳазор доллар ва аз сокини Ёвон Кенҷаев Қурбон 86 ҳазор доллар пули ангишт гирифта ба фоидаи худаш сарф кардааст.

Вазорат мегӯяд Зоиров дар умум беш аз  1,6 миллион доллар ба шаҳрвандони чинӣ ва 180 ҳазор доллар шаҳрвандони Тоҷикистон зарари молӣ расондааст.

Худро корманди Кумитаи замин мегуфт: боздошти 2 нафар ба иттиҳоми қаллобӣ

Эшонқул Зоиров сар аз соли 2014 то моҳи майи соли ҷорӣ  ба ғайр аз ҳамсари қонунияш 4 занро тариқи мусалмонӣ ба никоҳи худ даровардааст, ки дутои он шаҳрвандони Қирғизистону Чин ва дигарон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, аз онҳо соҳиби 10 фарзанд мебошад, афзудааст манбаъ.

Ин ниҳод мегӯяд алайҳи Зоиров Эшонқул бо ду моддаи 237 (авбошӣ) ва 247 (қаллобӣ) парванда оғоз шуда, номбурда ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

162