Мужчина закрывает портфель, архивное фото

Тағйироти кадрӣ: Қодирзода Саъдӣ, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барканор шуд

1852
Ҳукумати Тоҷикистон Вализода Икромиддин ба вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардид

ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Бо қарори Ҳукуммати Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати  Тоҷикистон озод карда шуд.

Тибқи қарори Ҳукумат, Вализода Икромиддин Сироҷиддин аз вазифаи муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд ва ба вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Инчунин, Исмоилзода Хуршед Исмоил бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати  Тоҷикистон озод карда шуд.

Ҳамчунин, Абдуалимзода Абдукарим бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Тибқи қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон Ҳукмиддинзода Хайриддин Ҳукмиддин муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъин карда гардид.

1852
Барчаспҳо:
таъин, барканор шудан, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон