Намоишномаи Бухорои Шариф дар ҷашнвораи Парасту. 15 июни соли 2015

Шоҳҷоиза ба "Фирдавсӣ", ҷои якум ба "Хусраву Ширин" ва "Қорӣ Ишкамба": "Парасту-2019"

161
Имсол дар Фестивал-озмуни "Парасту-2019", ҷои якум барои ду намоиш- операи Амирбеки Мусоев -«Хусрав ва Ширин», либреттои Гулназар Келдӣ дар таҳияи Шавкат Халилов ва намоиши «Қорӣ Ишкамба» аз рўи асари Садриддин Айнӣ дар таҳияи Музаффар Муҳиддин дода шуд

ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Шоми 22 апрели соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими пўшидашавии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «ПАРАСТУ – 2019» баргузор гардид. 

Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён зимни суханронияш аз аҳли ҳунар ва санъат даъват кард, ки барои рушди санъати театрӣ саҳм гузоранд:

"Мебояд бо асарҳои баландмазмуну баландғояи худ дар дили аҳли ҷомеа, махсусан насли наврас шуълаи меҳру муҳаббат ва ифтихор аз ватани аҷдодӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро фурўзонтар созем. Ҳамагон шоҳидем, ки ин нуктаҳо дар тамоми суҳбату мулоқотҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегарданд".

Дар ин маросим, Обид Назариён ва муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода барои саҳми назаррас дар рушди театр ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов ҳамчун асосгузори Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту», ки соли равон аз таъсиси он 30 сол пур мешавад, ҷоизаи махсуси навтаъсисро бо номи «Насли пуршараф» супориданд.

Шоҳҷоизаи озмун ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ барои намоиши «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода дар таҳияи Султон Усмонов супорида шуд.

Ҷои аввал

Ҷои якум барои ду намоиш, яъне барои операи Амирбеки Мусоев -«Хусрав ва Ширин», либреттои Гулназар Келдӣ дар таҳияи Шавкат Халилов (Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) ва намоиши «Қорӣ Ишкамба» аз рўи асари Садриддин Айнӣ дар таҳияи Музаффар Муҳиддин (Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом) насиб гардид.

Ҷои дуввум

Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский барои намоиши «Тартюф» - и Жан Батист Молйер дар таҳияи Баҳодур Миралибеков ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов барои намоиши «Вақте ки кўҳҳо сукут мекунанд»- и Чингиз Айматов дар таҳияи Нозим Меликов сазовори  ҷои дуюми ҷашнвора гардиданд.

Ҷои сеюм

Ҳамчунин ҷои сеюм низ насиби ду театр: Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд барои намоиши «Пораи дили модар»- и Ҳалим Шариф дар таҳияи Эҳсон Ҳомидов ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои намоиши «Карим Девона» -и Турахон Аҳмадхонов дар таҳияи Қурбонмуҳаммад Шукуров гардид.

Беҳтарин намоиши лухтак

Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон бо асари Намоиши «Зумрад ва Қиммат» аз рӯи асари Наргиза Маҳкамова дар таҳияи Фатҳулло Хоҷаеви Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон «Беҳтарин намоиши лўхтак»- Фестивал-озмуни «Парасту-2019» дониста шуд.

Беҳтарин коргардон

Бо номинатсияи «Коргардони беҳтарин» Нозим Меликов барои таҳияи намоиши «Вақте ки кўҳҳо сукут мекунанд» аз рўи асари Чингиз Айматов қадр карда шуд.

Беҳтарин нақши мардона

Бо Диплом дар номинатсияи «Беҳтарин нақши мардона» Фирдавс Қосимов барои иҷрои нақши шоир дар намоиши «Ватандорӣ» аз рўи ашъори Лоиқ Шералӣ ва Хуршед Мустафоев барои иҷрои нақши Аргон дар намоиши «Тартюф» - и Жан Батист Молйер мукофотонида шуданд.

Беҳтарин нақши занона

Марина Ярмолик барои иҷрои нақши Дарина дар намоиши «Тартюф» - и Жан Батист Молйер ва Шогун Давлатбекова барои иҷрои нақши Элес дар намоиши «Вақте ки кўҳҳо сукут мекунанд» аз рўи асари Чингиз Айматов бо диплом дар номинатсияи «Беҳтарин нақши занона» сарфароз гардиданд.

Беҳтарин ороиши мусиқӣ

Бо номинатсияи «Беҳтарин ороиши мусиқӣ» Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд сазовор гардиданд.

Беҳтарин ороиши саҳна

Номинатсияи «Беҳтарин ороиши саҳна» ба Вафо Назаров барои операи Амирбеки Мусоев «Хусрав ва Ширин» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ насиб гардид.

Беҳтарин асари драматургӣ 

Диплом аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин асари драматургӣ» ба Тоҳир Мамадризоев барои пйесаи «Баҳори Фаронса» супорида шуд.

Беҳтарин нақши эпизодӣ

Номинатсияи «Беҳтарин нақши эпизодӣ» ба Надима Юсупова барои иҷрои нақшаи Офелия дар намоиши «Ҳамлет» -и У.Шекспир дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ лоиқ дониста шуд.

Мавқеи шаҳрвандӣ ва муҳимияти мавзўъ

Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кўлоб бо асари Ҷумъа Қуддус- «Баҳори Ваҳдат» дар таҳияи Раҳмоналӣ Одинаев бо диплом дар номинатсияи Барои «Мавқеи шаҳрвандӣ ва муҳимияти мавзўъ» сазовор гардид.

Ҳамчунин Абдураҳмон Ғаниев барои иҷрои нақши Шерзод дар намоиши «Пораи дили модар» -и Ҳалим Шариф бо ҷоизаи «Умед», Абдураҳмонов Абдураҳим аз Театри лухтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар бо диплом барои дебюти коргардонӣ ва Фарзона Абдураҳмонова  аз Театри ҷумҳуриявии драмаи мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бўстон бо диплом барои дебюти ҳунарпешагӣ қадр карда шуданд.

Фестивал – озмуни Ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019» ба 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 22 апрел идома ёфта, дар доираи фестивали мазкур 18 театриҳои касбии кишвар намоишномаҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, пешниҳоди ҳакамони озмун ва тамошобинон намуданд.

161
Кобилчон Гиёев

Вазифаи баланд ё шикояти раис? Сабабҳои барканории Қобилҷон Гиёев

258
Мақомот барканории Қобилҷон Гиёев, акнун собиқ сардухтури ноҳияи Раштро шарҳи яксон намедиҳанд. Ба қавли яке, бар асоси шикояти раиси ноҳия барканор шудааст, дуввумӣ мегӯяд, ӯ вазифаи баландтар хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як шарҳи кӯтоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барканории сардухтури ноҳияи Рашт ибтикори вазорат нест.

“Ӯ бар пояи шикояти раиси ноҳияи Рашт аз вазифа барканор шудааст. Шикоят ҳам ин аст, ки Қобилҷон Гиёев ба ҷуз сардухтур буданаш, муовини раиси Ситоди ноҳияи Рашт барои ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” низ будааст ва дар ҷои кор ҳам ҳузур надоштаасту дар ҷаласаҳои ситод низ ширкат накардааст”, - гуфтанд дар Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Зимнан, рӯзи гузашта, 1 июн, Қобилҷон Гиёев ба Sputnik Тоҷикистон низ далели барканориашро шикояти Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд.

Дар ҳамин ҳол, бегоҳи ҳамон рӯз дар як тамоси телефонӣ бо Sputnik Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт, ин иддаоро рад карда, гуфт, Қобилҷон Гиёев бо ариза, хоҳиш ва ихтиёри худ аз вазифа рафтааст.

“Он қадар ки мо хабар дорем, чанде пас ӯ бояд дар Душанбе ба вазифаи баландтар таъин шавад. Имрӯз ӯ назди ман омада буд. Суҳбат доштем. Ба хурсандӣ хайрухуш кардем. Ҳамаи гап ҳамин”, - гуфт Раҳимҷон Муқимӣ.

Рухсатӣ ё...?

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Қобилҷон Гиёев дар шарҳи гуфтаҳои вазорати тандурустӣ ва раиси ноҳияи Рашт гуфт, ӯ 27 май ба вазорат даъват шуда, аризаи аз кор рафтанашро навишт.

Вай афзуд, рӯзи дигар, 28 май, ӯро дигарбора ба вазорат даъват карда, гуфтанд, ки аризаи аз кор рафтан на, балки рухсатӣ рафтанро бинависам ва дар ҷои худ муовинамро иҷрокунандаи вазифа таъин кунам.

“Ҳоло ман дар ҳайрат уфтодаам. Ман 12 май ба Душанбе рафтам. 12 май дигарбора ба Рашт баргаштам. Ҳамон рӯз ҷаласаи ситодро баргузор кардам. Бегоҳ мустақим бо вазири тандурустӣ мулоқоти видеоӣ баргузор шуд. Субҳ боз ҷаласаи ситод буд. Пас аз он рафтам ба шифохонаҳои минтақаӣ - Ҳоит, Қалъаи Сурх, Навобод. Аз 13 то 15 пурра дар Рашт будам. Азбаски вазъи сиҳӣ дар ноҳия ба эътидол омада буд, дигарбора ба Душанбе омада, ин ҷо ба табобат машғул шудам”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Бино ба иттилои ӯ, дар ноҳияи Рашт 174 нафареро, ки ҳарорат доштаанд, дар хонаҳо ва 60 нафарро бо ташхиси пневмония дар шифохонаҳо табобат кардаанду даҳҳо нафари дигар пас аз муроҷиату табобати кӯтоҳ зуд рухсат шудаанд. Вай афзуд, дар ин миён ду нафар мутаваллидони яке, соли 1940 ва дигаре, 1942 аз маризиҳои дил фавтидаанд, на пневмония ё “вируси корона”.

“Вақте вазъи сиҳӣ Рашт муътадил шуд, ман ба Душанбе рафтам. Дуюм ин, ки ман на бо хоҳиши худ, балки бо даъвати мақомот омада будам, ки дар вазорати тандурустӣ огаҳӣ доранд”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Пизишки ҳайрат

Қобилҷон Гиёев пас аз он дар забони расонаҳо уфтод, ки дар оғози мубориза алайҳи “вируси корона” бо як доруи ғайримаъмулии зидди пневмонияи бузҳо дар ноҳияи Рашт, ба қавли худаш, ҳудуди 300 нафарро табобат кард.

Ин дору аз пенитсилин ва стрептамитсин иборат буда, кӯтоҳ “пенстреп” номида ва барои “вируси корона” – и ҳайвонот истифода мешавад. Баъдтар ӯ ба Душанбе омад ва дар пойтахту навоҳии атроф ва вилояти Хатлон бо табобати маризон машғул шуд.

Ӯ қаблан (23 май) дар як суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар умум беш аз 1000 нафарро табобат кардааст. Аммо ҳоло мегӯяд, теъдоди маризоне, ки ӯ табобат кардааст, аз ин ҳам бештар шудааст.

“Ҳоло бисёриҳо ба табобати ман шак доранд. Ҳақ ҳам доранд. Аммо шоҳидони ман ҳамон маризоне ҳастанд, ки шифо ёфтанд. Мегӯянд, ки ман барои рекламаи худ ва пулкоркунӣ Душанбе рафтам. Инҳоро ҳам ба Худо месупорам. Аммо ҳоло бо забони дароз мегӯям, ки ду моҳи ахир ман дар хизмати мардуму давлати худ будам ва ин корамро давом хоҳад дод”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Ҳоло танҳо гуфтугузоре, ки сардухтури инак собиқи ноҳияи Раштро дар ҳайрат гузоштааст, вазифаи наваш аст. Вай мегӯяд, аз ин боб аслан хабаре ҳам надораду бо касе ҳам машварате нашудааст.

258
Барчаспҳо:
вазифа, табобат, бемор, табиб, Ғарм, Тоҷикистон
Вид на город Хорог, ГБАО.

Ҳисоботи мақомоти ВМКБ аз харҷу дахли хазинаи мубориза бо коронавирус

206
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз дахлу харҷи суратҳисоби бонкие, ки барои мубориза бо сирояти коронавирус ташкил кардаанд, ба аҳолӣ ҳисобот доданд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба гузориши мақомоти ВМКБ, дар суратҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки барои пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 ба ҳолати 28 майи соли равон 304 ҳазору 121 сомонӣ ва ба таври наќдӣ ба дастгоҳи раиси ВМКБ 36 ҳазору 900 сомонӣ ва 400 доллари амрикоӣ аз ҷониби ашхоси саховатпеша дохил гардидааст.

Ҳамчунин, ба кортҳои бонкие, ки дар Аввалин бонки молиявии хурд кушода шудаанд, 41 ҳазору 122 сомонӣ бо асъори миллӣ ва 4 ҳазору 48 доллари амрикоӣ ворид шудаст.

Бино ба гузориши манбаъ, сарфи маблағҳои суратҳисоби мазкур таҳти назорати раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қарор дошта, то санаи 28.05.2020 аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда 600 сомонӣ ҷиҳати харидории селофан барои Касалхонаи вилоятӣ, 30 ҳазор сомонӣ чун кумак барои Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб ҷудо гардида, ҳамчунин бо мақсади дастрас намудани доруворӣ, сару либоси тиббӣ ва маводи озуқавоӣ барои касалхонаҳои марказии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб 5 ҳазору 470 сомонӣ сарф карда шуд.

Инчунин 11 ҳазору 673 сомонӣ барои харидории ќисмҳои эҳтиётӣ, 14 хазору 969 сомонӣ барои сӯзишворӣ, 3 ҳазору 348 сомонӣ барои хариди равғанҳои молиданӣ, дар маҷмўъ 29 ҳазору 990 сомонӣ барои стансияи Ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ ва 3 ҳазору 900 сомонӣ ҷиҳати таъмири мошини Ёрии таъҷилии Беморхонаи касалиҳои рўхии вилоятӣ воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардидааст.

Инчунин, барои интиқоли рахти хоб ва маводи хўрокворӣ ба беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Роштқалъа, дастрас намудани либосҳои муҳофизати фардӣ аз ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Хоруғ, қабул ва гусели масъулону ронандагоне, ки кумакҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру навоҳии вилоят дастрас намуданд, 921 сомонӣ сарф гардидааст.

Барои қабул ва гусели намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ошно шудан бо вазъи беморони вилоят аз шаҳри Душанбе тавассути чархбол ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон сафар намуд 600 сомонӣ, барои эҳтиёҷоти Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҷиҳати табдил додан ба беморхонаи муаваққатӣ 2 ҳазору 310 сомонӣ, хароҷоти нақлиёт барои дастрас намудани маводи доруворӣ аз ноҳияи Мурғоб ба шаҳри Душанбе 7 ҳазор сомонӣ, таҷҳизонидани утоқи табобатӣ дар касалхонаи вилоятӣ 600 сомонӣ ва харидории редуктори кислород барои касалхонаи вилоятӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ афзуда, ки аз ҳисоби ҳамаи маблағҳои воридгардида санаи 28 майи соли ҷорӣ 35 ҳазору 60 сомонӣ барои харидории 50 адад кислород, ки тавассути Хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ дастрас карда мешавад, ҷудо гардидааст.

Ёдгор Файзов аз беморхона мураххас шуду ба ноҳияи Рӯшон сафар кард

Инчунин, барои пардохти маоши кормандони дастаи иловагии стансияи Ёрии таъҷилӣ 5 ҳазору 739 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи пизишкони ВМКБ - аксҳо

Дар охири гузориш омада, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба ҳамаи шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки дар чунин лаҳзаҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавируси нави КОВИД-19 саҳмгузорӣ намуда истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамояд.

206
Барчаспҳо:
хазина, ҳисобот, ВМКБ, Тоҷикистон