Последствия схода селевого потока

Обуҳавошиносон аз эҳтимоли сел ва боридани борони шадид дар Тоҷикистон ҳушдор доданд

560
(Таҷдидшуда 09:32 24.04.2019)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок буда, боридани боронҳои пуршиддат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ҳаво дар  пойтахти кишвар абрнок шуда,  боронҳои шиддатнок меборад.  Дар  баъзе ҳолатҳо  борон пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  шабона ва рӯзона 11-13   дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво абрнок шуда, боронҳои  шиддатнок меборанд. Дар  баъзе ноҳияҳо борони  пуршиддат  борида, дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад.  Раъду  барқ ба амал омада, боридани жола низ дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона ва рўзона 9-14  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона ва  рўзона 6-11  дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон меборад. Дар  шарқи вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 ва  рӯзона 11-16  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда, рӯзона  8-13 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок шуда, борони шиддатнок меборад. Ба амал омадани сел дар назар аст. Дар   баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр  барф  меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 19-24 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона ва  рӯзона 9-14 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона ва  рӯзона  3-8  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борони шиддатнок меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани  жола низ  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  ва   рӯзона 7-12   дараҷа гарм  мешавад.

560
Барчаспҳо:
раъду барқ, сангрезиш, сел, борон, боридани борону барф, обу ҳаво, Тоҷикистон
Хаким Фузайлов. Архивное фото

Ҳаким Фузайлов сармураббии нави "Хуҷанд" таъйин шуд

5
(Таҷдидшуда 09:21 13.07.2020)
Ҳаким Фузайлов, собиқ футбобози машҳур ва мураббии шинохтаи кишвар, сармураббии тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии бошгоҳ, Ҳаким Фузайлов, собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон  то охири мавсим “Хуҷанд”-ро тамрин хоҳад дод.

Ба иттилои манбаъ, Никол Лазаревич, ки дар аввали сол сармураббии даста таъйин шуда буд, бинобар бастани сарҳадҳои байни кишварҳо бар асари пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ба даста кӯмак карда наметавонад.

Манбаъ мегӯяд, Ҳоло Лазаревич дар зодгоҳаш Сербия қарор дорад.

“Мо маҷбур шудем, ки бо сабаби вазъияти ҷаҳонӣ ва алахусус дар тим баамаломада, сари мизи гуфтушунид нишинем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои пурсамар бо ҳайати мураббиёни кунунӣ ва роҳбарияти клуб, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки даста сармураббии ниёз дорад. Мутаассифона, Никола Лазаревич дар Сербистон аст ва имкони ҳамроҳ шудан ба дастаро бо сабабҳои, ба ҳама маълум, надорад. Мо бо Ҳаким Каюмович ба мувофиқа расидем, ки ӯ дастаро ба мусобиқаҳои дар пешистодаи ватанӣ ва байналмилалӣ омода мекунад ва мӯҳлати шартнома то охири сол эътибор дорад”-гуфт Муроҷон Умаров, директори иҷроияи Хуҷанд.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Ӯ ҳамчунин тими миллииТоҷикистон, дасҳои “Истиқлол”, “Куктош” –ро тамрин дода ахиран  аввали моҳи июл ӯ вазифаи сармураббии бошгоҳт “Каганат”-и Қирғизистонро тарк кард.

5
Сомони и доллары, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

23
(Таҷдидшуда 08:27 13.07.2020)
Қурби доллар чи дар бозори ҷаҳон ва чи дар бозори асъори Тоҷикистон боло ва қурби рубл бошад, рӯз то рӯз паст мешавад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз дар оғози ҳафтаи навин арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1442 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3097 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6386 то 12. 0500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1490 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1450 то 0,1500 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бо доллар кор мекунӣ, муҷозот мешавӣ: додгоҳ раиси ширкати “Тоҷикояндасоз”-ро ҷарима кард

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

23
Барчаспҳо:
евро, доллар, сомонӣ, рубл, арзиши асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон