Таблетки, архивное фото

Хоби абад мехоҳам: мудири "Жасмин" дар Душанбе барои қарз аз "Эсхата" 36 димедрол хӯрд

4080
Зан барои пешбурди тиҷораташ аз бонк 14 ҳазор сомонӣ гирифта, аммо мутаассифона тиҷораташ омад накардаву муфлис шудааст

ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Мудири толори арӯсии "Жасмин" дар Душанбе барои пардохт карда натавонистани маблағи бонк қасди худкушӣ кард, менависад "Тоҷикистон таймс".

Бино бар иттилои манбаъ, зан 23 сол доштаву соҳиби ду фарзанд будааст. Ӯ пас аз чанд моҳи аз шавҳар талоқ гирифтан, хостааст тиҷорати худро ташкил кунаду барои ин аз бонки "Эсхата" 14 ҳазор сомонӣ қарз гирифтааст.

Ҳодиса рӯзи 23 апрел рух дод, менависад манбаъ, - мудири толори "Жасмин" 36 адад ҳаби димедролро фурӯ бурдааст.

"Гулҷаҳон аз сабаби кам будани мизоҷон натавонист пули иҷораи толор ва бонкро диҳад. Ӯ роҳи наҷотро аз худкушӣ ҷустааст", - афзудааст "Тоҷикистон таймс".

Манбаъ тавзеҳ намедиҳад, ки тақдири Гулҷаҳон баъди истеъмоли миқдори зиёди доруи хоб чӣ шуд.

4080