На базаре в г. Пенджикент. Архивное фото

Иқдоми нек дар арафаи Рамазон: дар Мастчоҳ ба ниёзмандон ройгон ғизо медиҳанд

337
Дар Мастчоҳ аввалин нуқтаи тақсими маводи хӯрокаи ройгон пайдо шудааст. Хоҳишмандон метавонанд ба ин марказ рафта, маҳсулоти ниёзи худро дастрас кунанд. Мақомот нақша доранд, шумораи чунин нуқтаҳоро зиёд кунанд

ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Дар ноҳияи Масчоҳ аввалин нуқтаи тақсими ройгони маводи хӯрокворӣ ташкил шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.

Бино бар иттилои манбаъ, нуқтаҳо бо ташаббуси ҳукумати ноҳия ва дар ҳамкорӣ бо ҲХДТ дар кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Саидшариф Шарифови маркази ноҳия ҷиҳати расонидани кӯмак ба сокинони ниёзманд се нуқтаи хизматрасонӣ ташкил гардид.

Ҳамин тавр, минбаъд ниёзмандон метавонанд ба таври ройгон аз нуқтаҳои хизматрасонӣ маводи ғизоӣ дастрас намоянд.

Гуфта мешавад, иқдоми мазкур аз ҷониби соҳибкорону саховатмандон ва шахсони хайрхоҳ дастгирӣ ёфта истодааст ва дар назар аст, ки дар сатҳи ҷамоатҳо низ чунин нуқтаҳо таъсис дода шавад.

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ташаббуси мазкурро дар арафаи моҳи шарифи Рамазон муфиду саривақтӣ унвон карда, миннатдории хешро ба  баён медоранд.

 

337
Пачка долларов

Мошинашро бо доллар фурухт: парвандаи як ҷавони 24 сола

80
(Таҷдидшуда 12:00 26.11.2020)
Мақомоти милистияи Суғд нисбати як ҷавони 34 сола парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Нафари дастгиршуда, сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, бар хилофи қонун, мошинашро бо асъори хориҷӣ (доллар) ба фурӯш гузоштааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Як сокини 34 солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми гирифтани 4 000 доллари амрикоӣ, ки қисме аз арзиши мошинаш аст аз сӯи мақомоти милитсия дастгир шудааст.

“Сокини ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 23 ноябр автомашинаи Mercedess-Benz -ро дар тавқифгоҳи воқеъ дар шаҳраки ба номи Бобоҷон Ғафуров бо арзиши 11 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, аз хариддор 4 ҳазор долларро ҳамчун аванс гирифтааст”,- гуфт Шарифӣ.

Котиби матбуоти РВКД Суғд мегуяд, оиди ин ҳолат нисбати дасгир шуда бо моддаи 286 (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтиши онро прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пеш мебарад.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2013 бо қабули Қонун “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” савдо бо пули хориҷӣ аз ҷумла доллар дар ҳудуди кишварро манъ намудааст.

Масъулини Бонки миллӣ дар шарҳи қабули қонуни мазкур иброз медоранд, ки савдо бо асъори хориҷӣ дар ҳудуди кишвар, латма ба қурби пули миллӣ мезанад.

80
Барчаспҳо:
фурӯхтан, мошин, доллар, дастгир, Тоҷикистон
Кати хоб дар яке аз беморхонаҳои Тоҷикистон. акс аз бойгонӣ

Соҳибкор Раҷабов барои сокинони Муъминобод Маркази саломатӣ сохт

44
Дар маркази мазкур 12 нафар пизишкони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуда, барои аҳолии се деҳа хизматрасонӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Бо ибтикори соҳибкори ватанӣ, сокинони се деҳаи дурдасти ноҳияи Муъминобод соҳиби  Маркази замонавии саломатӣ гардиданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Раҷабов Шодибек дар деҳаи Деҳбаланди Ҷамоати деҳоти Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ Маркази тиббӣ сохт.

Вазири мудофиа аз ҳисоби худ дар деҳа Маркази саломатӣ сохту мошин туҳфа кард (АКС)

Бар хабари манбаъ, Маркази саломатӣ аз ҳуҷраҳои  қабули беморон, табиби оилавӣ,  ташхиси занон, хатна ва  доругузаронӣ  иборат  буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

"Муассисаи мазкур аз маркази ноҳияи Муъминобод 7 километр дур буда, дар Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд калонтарин муассисаи тиббӣ ба ҳисоб меравад", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар маркази мазкур 12 нафар табибони маҳаллӣ фаъолият намуда, ба сокинони се деҳаи атрофи ҷамоат, ки дорои 605 хоҷагӣ ва 4176 аҳолӣ мебошанд, хизмати тиббӣ мерасонанд.

44
Барчаспҳо:
соҳибкор, Маркази саломатӣ, ноҳияи Муъминобод

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон: беҳбудӣ ё баръакс

0
(Таҷдидшуда 12:14 26.11.2020)
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки пандемия ба иқтисодиёти Тоҷикистону аксар кишварҳои ҷаҳон латмаи сахт мезанад ва сатҳи камбизоатиро афзун мекунад
Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйир ёфтааст
© Sputnik

Пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти кишварҳо таҳдид мекунад. Инро таҳлил карда, иқтисоддонҳо афзоиши сатҳи камбизоатиро дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ пешгӯӣ мекунанд.

Дар ин робита, Sputnik Тоҷикистон маълумотҳоро дар тӯли 30 соли ахир фыамъ овард то нишон дищад, ки чӣ гуна омилҳои асосии иқтисодӣ ва сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ тағир ёфтааст.

Аз ҷумла, аз соли 1995 инҷониб Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиши ММД-ро ба ҳар сари аҳолӣ нишон додааст: то соли 2015 ин рақам ба 921 доллар афзоиш ёфт.

Ятимӣ, зангирӣ бо қарз, кулбаи бедар ва духонагии Президент: саргузашти Муҳаммад-видео

Инчунин, қабл аз пандемия, Тоҷикистон музди миёнаи меҳнатро афзоиш дод, аммо дар соли 2020 пардохтҳои миёнаи моҳона бинобар ихтисори кормандон ва аз ҳисоби коронавирус коҳиш ёфтанд.

Фоизи камбизоатон дар кишвар ҳар сол коҳиш меёбад: дар тӯли 10 сол шумораи онҳо 10% коҳиш ёфт.

Агар вазъро дар минтақаҳо ба назар гирем, пас вазъ дар Душанбе ва вилояти Суғд беҳтар аст. Бадтарин ҳолат дар вилояти Хатлон аст: ҳиссаи камбизоатон дар он ҷо 32,8% -ро ташкил медиҳад.

Дар рейтинги байналмилалии камбизоатӣ, Тоҷикистон дар байни 191 кишвар дар мақоми 157-ум қарор гирифтааст.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, сатҳи камбизоатӣ