Обуҳавошиносон: дар баъзе манотиқи кишвар боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкКишлак Хушекат Айнинского района Таджикистана, архивное фото
Кишлак Хушекат Айнинского района Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар  шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Ҳаво  шабона 7-9 ва рӯзона 24-26  дараҷа гарм мешавад.

Зонт с надписью Я люблю дождь - Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносон: боронгарӣ дар ҷумҳурӣ идома дорад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6-11 ва рўзона 22-27  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва  рўзона 15-20  дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва  рӯзона 15-20  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона  5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда мешавад. Рӯзона  дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона аз  1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона  10-15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10  ва   рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0