Встреча Рахмона с Императором Японии Акихито

Раҳмон ба Императори фахрӣ сипос гуфта, ба Императори нави Ҷопон пешравӣ орзӯ кард

191
(Таҷдидшуда 10:37 02.05.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба номи Императори фахрии Ҷопон Акихито барқияи ирсол намуд, ки дар он аз ӯ барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста сипос намудааст

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ахиран Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар ба номи Императори фахрии Япония Акихито барқия ирсол намуд.

Дар барқияи мазкур раисҷумҳури Тоҷикистон аз Император Акихито барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста сипос гуфтааст.   

“Дар ин рӯзҳои таърихӣ нахуст бо камоли сарфарозӣ ба Шумо барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста сипоси амиқи ин ҷонибро иброз медорам”, - таъкид намудааст Эмомалӣ раҳмон.

Инчунин раисҷумҳур аз мулоқоту сӯҳбатҳое, ки тайи солҳои гузашта бо Акихито доштааст ёд карда, таъкид намудааст, ки Тоҷикистон нақши Акихиторо дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистону Ҷопон муҳим арзёбӣ мекунад ва хизматҳои ӯро дар ин ҷода арҷгузорӣ менамояд.

“Умедворам, ки анъанаҳои равобити неки байни кишварҳо ва мардумони мо дар минбаъда низ рушд ёфта, арсаҳои нави ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро фаро хоҳанд гирифт”, қайд намуд Президент.

Дар ҳамин ҳол, дар барқияи дигари Эмомлӣ Раҳмон ба номи Нарухито ӯро дар робита ба сари тахти Императори Ҷопон нишастанаш самимона табрик намудааст.

Дар барқия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфта шудааст, киҳ укумат ва мардуми Тоҷикистон Нарухиторо дар робита ба сари тахти Императори Ҷопон  нишастанаш самимона табрику таҳният мегӯяд.

Эмомалӣ Раҳмон дар барқия қайд намудааст, ки Тоҷикистон таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Япония яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад.

“Изҳори итминон менамоям, ки дар давраи ҳукмронии Шумо тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи шарикии кишварҳои мо ба пояҳои боз ҳам баландтар бардошта хоҳад шуд. Мо аз ҷониби худ барои тақвият бахшидан ба равобити ҳасанаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ҳамаи талошҳоро хоҳем кард”, - таъкид намудааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Императори нави Ҷопон Нарухито сиҳатии комил ва дар фаъолияти минбаъдааш дастовардҳои рӯзафзун ва барои Ҷопон ва мардуми он рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзу намудааст.

191
Барчаспҳо:
ирсоли барқия, барқия, Ҷопон, Тоҷикистон
Футболист на поле, архивное фото

Пирӯзии “Навбаҳор” бар “Равшан” и Кӯлоб: ҳисоби бозӣ 5:0

0
(Таҷдидшуда 19:15 26.09.2020)
Бозии даври чаҳоруми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни ҷавондухтарон U-17 бо пирӯзии “Навбаҳор” и ноҳияи Мастчоҳ бар “Равшан” и шаҳри Кӯлоб ба охир расидааст. Дар ин бозӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Тавре Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, дар доираи даври чаҳоруми чемпионати футбол инчунин бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Мактаби махсуси футбол, чавгон ва асп” ё “ММФЧВА” и Суғд доир шуда, бо ҳисоби 3: 2 бо ғалабаи мизбонон тамом шудааст.мяч

Бино ба иттилоъи манбаъ дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон шаш даста ба ҳисоби “Навбаҳор” у “Равшан” ва “ММФЧВА” у “Хатлон” барои ба даст овардани Ҷом рақобат мекунанд.

Қарор аст, дар доираи давраи панҷуми бозиҳо “Навбаҳор” дар сафар бо дастаи “Ҳосилот” и Фархор бозӣ анҷом диҳанд.

 “Ҳоло дастаи “Хатлон” дар ҷои аввал ва дастаи “ММФЧВА” дар ҷои дуюм қарор дорад”, - гуфт Юнусов.

Соли гузашта дастаи “ММФЧВА” чемпион шуда буд. Зимнан соли сеюм аст, ки чемпионати футбол миёни бонувон мунтазам доир мегардад.

 Баъзеҳо аз баргузории футболи занона интиқод мекунанд, аммо бисёриҳо бо муҳимияти тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии ин намуди варзиш миёни бонувонро тасмими саривақтӣ медонанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии чемпионати футбол миёни бонувонро роҳандозӣ намуда, аз сӯи ин ниҳод сафархарҷ, туб ва либоси варзишии дастаҳо таъмин карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
Кӯлоб, пирӯзӣ, Мастчоҳ, Футбол, Суғд, Тоҷикистон
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

86
Шабонарӯзи гузашта аз маризии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон боз як нафари дигар ҷон супорид. Вазорат низ хабари фавти маризи коронавирусро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори як рӯзи ахири гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта аз ин маризӣ боз як нафар ҷон бохта, ҳамзамон 43 мавриди нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 26 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9 605 нафар расид.

Зимнан, аз ин беморӣ то кунун 8385  ё худ 87,3 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар фавтиданд.

"Шабонарӯзи охир 97  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Феълан Ҳукумати  Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

86
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон