Визит президента РТ в Хатлонскую область

Саҳми 19 дарсадии занон дар мудирияти идораҳо ва вазоратхонаҳои Тоҷикистон

110
(Таҷдидшуда 20:28 07.05.2019)
Раиси кумитаи умури занон, хонавода ва ҳифзи иҷтимоии маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз афзоиши саҳми бонувон дар мудирияти давлатӣ дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, хонум Ҳилолбӣ Қурбонзода ин матлабро дар давраҳои донишафзоии мавсум ба мудирияти занон дар донишкадаи мудирияти давлатии вобаста ба ниҳоди раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард.

Вай гуфтааст таи солҳои ахир саҳми бонувон дар низоми мудирияти Тоҷикистон аз сатҳи вазорат ва идораҳои марказӣ то вилоят ва ноҳияиҳои ин кишвар дар ҳоли  афзоиш аст ва бар асоси омори соли 2018 саҳми бонувон дар мудирияти вазоратхонаҳо ва созмонҳои ҳукумати марказии Тоҷикистон ба 19 дарсад расидааст. Ҳамчунин саҳми ин қишр дар мудирияти идораҳои тобеъаи вазоратҳо болиғ бар 25 дарсад аст.

Аз сӯи дигар акнун 6 зан дар Маҷлиси милии (Сано) ва 13 зан дар маҷлиси намояндагони Тоҷикистон узвият доранд, ки теъдоди кулли аъзои ин ду маҷлис ба тартиб 33 ва 63 нафарро ташкил медиҳад.

Давраҳои донишафзоии мавсум ба мудирияти занон дар донишкадаи мудирияти давлатии вобаста ба ниҳоди раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси созишномаи дуҷониба миёни Дафтари раёсат ҷумҳурии ин кишвар ва мусоидати сандуқи Ҳонс Зайдели Олмон, ки як ниҳоди ғайри давлатӣ аст, баргузор мешавад.

110
Детская игрушка возле дороги

Садамаи мудҳиши маргбор дар Шаҳритус: ронанда модару кӯдаконашро пахш карду гурехт

109
(Таҷдидшуда 13:30 08.08.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 32 солаи ноҳияи Шаҳритус хабар медиҳад, ки чор узви як хонаводаро пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилои манбаъ, садамаи маргбор санаи 6-уми августи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 19:50 дақиқа рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Менглиев Ҷӯрабек Ҳусанович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шаҳритус ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чоршанбе ба самти маркази ноҳияи Шаҳритус дар ҳудуди деҳаи Чинор бо суръати баланд ҳаракат намуда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, саравал як сар чорвои калони шохдорро пахш намуда, баъдан ба қисми канори рости роҳ баромада пиёдагардонро пахш кардааст.

Гуфта мешавад, пиёдагардон Рузиева Умеда Тургуновнаи 18 сола, Алимардонова Тоҷихол Маматалиевнаи 23 сола ва фарзандони хурдсолаш Рузиева Мафтуна Бурибоевнаи 2 сола ва  Рузиев Неъматулло Бурибоевичи хануз яксола нашуда пас аз пахши мошин ҳалок шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳалокшудагон истиқоматкунандагони, ҷамоати деҳоти Х.Холматов буда, ронанда пас аз пахи онҳо аз ҷойи ҳодиса гурехтааст.

Садамаи мудҳиш дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд": мард бо чор фарзанд ва занаш ба ҷарӣ чаппа шуд

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронанда Менглиев Ҷ.Ҳ. дастгир карда шуд” ,-афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

109
Шабнами Сурайё - таджикская эстрадная певица, архивное фото

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

962
(Таҷдидшуда 13:13 08.08.2020)
Сарояндаи саршиноси Тоҷикистон Шабнами Сурайё аз даргузашти бармаҳали овозхони маҳбуб Баҳроми Ғафурӣ изҳори таассуф намуда дар ҳаққи рӯҳи равони марҳум дуо хондаст

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Шабнами Сурайё дар сафҳаи худ Инстаграм суруди муштарак бо Баҳроми Ғафурӣ овозхони маҳбуб, аммо ҳоло марҳуми тоҷик мунташир намуда, аз марги бармаҳали ӯ изҳори таассуф намуд.

"Инна-Лилляхи Ва-Инна-Иляйхи-Раджиун!🤲🏼😔ДУСТ ВА БАРОДАРИ АЗИЗ", - навиштааст Шабнами Сурайё.

Зимнан, илова намудааст, ки Худованд Баҳромро тариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад ва руҳаш шод бошад.

Ёдовар мешавем, овозхони машҳури Тоҷикистон Баҳроми Ғафуровӣ субҳи рӯзи 7 - уми август дар шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон бохт.

Баҳром ҳамагӣ 44 сол дошт ва гарчанде пас аз садама фавран ба бемористон интиқол ёфт, вале пизишкон натавонистанд ҷони ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Ҷасади Баҳром Ғафурӣ дар қабристони Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи "Нӯҳум километр"-и Душанбе ба хок супорида шуд.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Шарҳи ВКД: ронанда зинда монд, аммо мусофири мошин Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 10 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст. Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром дар он нақш офарида буд, филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Суқути ситораи санъати тоҷик: даргузашти Баҳром Ғафурӣ - видео

Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

962
Барчаспҳо:
навор, тоҷик, овозхон, даргузашт, Шабнами Сурайё

Таркиши мудҳиш дар Бейрут монеи маросимҳои издивоҷ гардид - навор

0
Таркиши мудҳише, ки дар Бейрут ба вуқӯъ пайваст нақшаи чандин ҷавононро барбод дод. Ҷуфтҳои хушбахт, ба хотири издивоҷ ба калисо омаданд, аммо таркиши шадид онҳоро ба висоли ҳам нарасонд

Пас аз таркиши мудҳиш дар Бейрут дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногун аз лаҳзаи таркиш мунташир мешуданд.

Ду наворе, ки аз лаҳзаи омодагӣ ба маросими издивоҷ дар замони таркиш ба шабакаҳо роҳ ёфт, сербинандатаринҳо гардиданд.

Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз таркиш дар Бейрут

Дар навор маълум аст, ки меҳмонон барои қисмат кардани хурсандии ду ҷавон ба калисо омаданд ва баробари аз дар даромадани арӯс таркиши мудҳиш сар мезанад. Тирезаҳои  калиса аз шиддати таркиш пора гардиданд ва арӯсу меҳмонон зуд толорро тарк намуданд.

Ҳамчунин як навори дигар аз аксбардории арӯс дар берун аз калиса мунташир шудааст, ки нозу каришмаи духтарро таркиши мудҳиш ба ваҳму ҳарос мубадал намуд.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

0
Барчаспҳо:
навор, таркиш, Бейрут