Автомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото

Садамаи маргбор: кӯдаки 8 сола зери чархи мошин ба ҳалокат расид

439
Ронандаи “Мерседес-Бенс” аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, Холмуродова Бунафшаи 8-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа ӯ дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik.  Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз хабар дод, ки рӯзи 7 май соли равон ронанда духтарчаи 8-солаеро бо худрави  “Мерседес-Бенс” пахш кардааст, ки дар натиҷа ноболиғ дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

"Рӯзи 7-уми майи соли равон, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Саидов Нусратулло Атоевич, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Левакант, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён, аз ӯҳдаи идораи восиатаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Холмуродова Бунафша Баҳромовна, соли таваллудаш 2011, хонандаи синфи 3-юми МТМУ, сокини деҳаи Лермонтовро пахш намудааст", - қайд намудааст манбаъ. 

Бино бар иттилои манбаъ, дар натиҷа, хурдсол Холмуродова Б.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст. 

Кормандони милитсия нисбати ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

 

439
Барчаспҳо:
ноболиғ, ҳалокат, марг, кӯдак, садамаи маргбор, садама, Тоҷикистон