Ветеран ВОВ Мирзошариф Гафуров

Мирзошариф Ғафуров: Худованд аз тири душман нигоҳ дошт ва ба синни 100-солагӣ расидам

895
(Таҷдидшуда 17:43 08.05.2019)
Мирзошариф Ғафуров куҳансарбози тоҷик дар саҳфаҳои дафтарчаи ёддоштҳои сарбозии худ, қариб ҳар лаҳзаи рӯзу моҳу соли аскарӣ ва муҳорибаҳо бар муқобили душманони кишварашро сабт кардааст.

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik.  Мирзошариф Ғафуров дар моҳи майи соли 1940 ба хизмати аскарӣ даъват шуд. Замоне, ки ӯ ҳанӯз 18 сола буд ва дар курси дуюми факултаи физикаю математикаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд ба номи С.М. Киров таҳсил мекард.

“Бояд як деҳаро аз ҷанговарони немис тоза мекардем. Онҳо дар баландӣ қарор доштанд. Командири мо мегуфт, ки то фармон (он вақт  фармон “урра” буд) надиҳем, аз ҷоятон наҷунбед. Барф то зону баланд буд. Соатҳо даруни хандақ панаҳ мебурдем. Аз ин ҳолат ман хунук хурдам. Як бор сарамро бардошта хостам, ҷоямро бароҳат созам, аммо ин вақт ба гӯшти ростам мисле, ки касе бо хишт зад. Аз ин ҳол сарам гаранг шуду ба замин афтидам. Дар атрофам ҳамяроқонам буданд. Якеаш ба кӯмаки ман расид.  Маълум шуд, ки тир баргаки гӯшамро зада рафтааст”, – нақл мекунад, Мирзошариф Ғафуров.

Медали ветерана ВОВ, архивное фото
© Sputnik
Медали ветерана ВОВ

Аммо аз миёни тиру туфанг ва оташи ҷанг ҷон ба саломат бурдани ин сокини 100 солаи ноҳияи Б. Ғафуров ва иштирокчии ҷанги бузурги ватанӣ бо ин тамом намешавад. Ӯ мегуяд, ҳар рӯзи замони ҷанг (солҳои 1941 - 1945) бар муқобили немисҳо, барои аскарону афсарон бо чунин азобу уқубатҳо тамом мешуд.

Он айём ҳеҷ кас зинда баромадани худ аз оташи ҷангро тасаввур намекард. Ҳатто худи Мирзошариф Ғафуров, ки гуфт, дар як саҳфаи дафтарчаи сарбозияш дар солҳои ҷанг ин сатрҳоро навишта карда буд: “Эй рафиқи ҷанговар, эй рафиқи ҳамсилоҳи ман. Агар дар ҷанг вафот кунам, аз ту илтимос ҳамин дафтарчаи хотиротамро ба унвони зер: ба Тоҷикистон, вилояти Ленинобод (Суғд), ноҳияи Ленинобод (Ғафуров) ба волидонам бифирист”.

Дар солҳои ҷанги бузурги ватанӣ зиёд ҷавонон кушта шуданд, бархеи дигар бенишон монданд. Аз ҷумла, аз вилояти Суғди Тоҷикистон  76 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, ҳамагӣ 30 ҳазор нафар баргаштанд. Аз худи деҳаи Рӯмон, зодгоҳи Мирзошариф, аз 100 нафар, танҳо бахт ба рӯи 30 нафар ба ҳисоби худаш расид, ки ба хонаҳояшон расиданд. Дигарҳо қурбон шуданд ва ё дар дашту кӯҳу заминҳои Русияву Украинаву Белорусия, Олмону Лаҳистону Чехословакия ва мулкҳои дигар бенишон шуданд.

Бобои Мирзошариф мегуяд, Худованд ӯро аз тири душман нигоҳ дошт.

Ӯ ҳама сахтиҳоро убур кард ва пас аз 9 соли адои хизмат саломат ба назди хонаводааш баргашт ва ҳоло инак бо гузашти қариб 80 сол аз оғози ҷанги бузурги ватанӣ ба синни мубораки 100 - солагӣ расидааст. Расидан то ба ин сину солро ҳама орзӯ мекунанд, аммо чунин миқдор умр, на бар ҳар кас вафо мекунад.

Ветерану ВОВ Мирзошарифу Гафурову исполнилось 100 лет
© Sputnik
Ветерану ВОВ Мирзошарифу Гафурову исполнилось 100 лет

Мирзошариф Ғафуров 7-уми январи соли 1919 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Маълум, ки каромоти илоҳӣ ба инсонҳое насиб мегардад. Аз ҷумла ба бобои Мирзошариф, ки ба ҷуз умри дарози пурбаракат, чашми равашанбин ва зеҳни қавӣ дорад. Ҳоло ӯ китобу ҳафтаномаҳоро бе истифодаи айнак мехонад ва бо гузашти наздик ба 80 сол воқеа ва лаҳзаҳои ҷанги бузурги ватаниро дар хотир дорад.

Мирзошариф Ғафуров дар моҳи майи соли 1940 ба хизмати аскарӣ даъват шуд. Замоне, ки ӯ ҳанӯз 18 сола буд ва дар курси дуюми факултаи физикаю математикаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд ба номи С.М. Киров (Ҳоло ДДХ ба номи ак. Б. Ғафуров)  таҳсил мекард. Ӯро барои хизмати сарбозӣ ба шаҳри Кушкаи Туркманистон фиристоданд. Он вақт ҳама ҷо тинҷу амон ва арзонию фаровонӣ буд. Мирзошариф гуфт, ки ҳеҷ кас намедонист, ки ин ҳама осудаҳолӣ баъд аз як сол ба як вазъи беамону нобасомон табдил меёбад ва чи гуна осмони софро дуду оташи ҷанг ғуборолуд мекунад: “Санаи 22.06.1941 соати 4-и пагоҳӣ немисҳои фашистӣ аҳдшиканона ба хоки СССР даромада, ҷангро сар карданд.  Он вақт ман дар шаҳри Кушка қарор доштам. Баъдтар маро ба шаҳри Фирӯза оварданд. Аз ин ҷо ба Тошканд интиқол доданд, баъд ба Қазоқистону Маскав бурданд. Ҳамин тариқ иштироки ман дар ҷанг муқобили немисҳо давом кард”, - ба ёд меорад, Мирзошариф Ғафуров.

Аз он, ки Мирзошариф то рафтан ба хизмат донишҷӯи риштаи математика буд, дар замони ҷанг ҳам шавқи ин пешаро аз худ дур накард. Зеро аз хурдӣ, ӯ мехост як муаллим (математик)-и касби худ шавад. Ӯ қариб ҳар як рӯзи хизмат дар сафи артиши Шӯравӣ ва иштирок дар муҳорибаҳоро дар саҳифоти дафтарчаи сарбозии худ ёддошт кард.

Дар солҳое, ки гуруснагӣ, азобу уқубат ҳар лаҳза сарбозонро таҳдид мекард ва на ҳама аскарону афсарон барои ин кор завқу ҳафсала мекарданд. Баъзеҳо дар он замон ҳатто маҷоли дуруст сӯҳбат карданро надошта буданд.

Аз иҷрои ин кораш маълум буд, ки Мирзошариф, агар як сарбози хуб ҳам намешуд, як омӯзгор касбӣ боқӣ мемонд. Аммо Мирзошариф ин ҳардуро бо худ ихтисос дод ва собит кард, ки чи гуна як ҷавони тоҷик хизмати сарбозиро дар замони ҷанг зафармандона ба итмом расонида, як омӯзгори соҳибтахассуси баъд аз ҷанг ба камол мерасад.

Расидан то ба ин мақом ба осонӣ муяссар нашудааст ва зиёд шебу фарозҳое буд, ки Мирзошариф ҳамаи онро дар зиндагӣ иродатмандона таҳаммул кард ва муваффақ шуд.

Блокнот ветерана ВОВ Мирзошарифа Гафурова
© Sputnik
Блокнот ветерана ВОВ Мирзошарифа Гафурова

Мирзошариф дар саҳфаҳои дафтарчаи ёддоштҳои сарбозии худ, қариб ҳар лаҳзаи рӯзу моҳу соли аскарӣ ва муҳорибаҳо бар муқобили душманони кишварашро сабт кард. Ӯ ин дафтари ёддоштномаашро бисёр азизу муътабар мешуморад, зеро наздик ба 80 сол аст, ки  ҳамроҳаш аст. Ҳатто замони ҷанг аз ҷайбаш гум нашуд ва аз миёни оташи ҷанг бегазанд ба соҳибаш ба хона расид.

Бо гузашти ин ҳама солҳо баъзе аз саҳифоти ин ёддоштномаҳои ӯ рангпарида шуданд, аммо сабақи ҷавонмардӣ, далерию шуҷоатмандӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ, ки барои ҳар як сарбоз муҳим ва муқаддас аст, дар он нуҳуфтаанд.

Бобои Мирзошариф мегуяд, ин дафтарчаи ёддоштномаҳояшро манзури ҳар як ҳамсӯҳбаташ медорад, вақте, ки онҳо аз боби ҷанги бузурги ватанӣ пурсиданӣ аз ӯ пурсидани мешаванд. Аз ҷумла ӯ,  дафтарчаи ёддоштномаҳои хизмати сарбозияшро дар ихтиёри мо  гузошт. Дар саҳифоти он, қиссаву лаҳзаҳои беш аз 74 сол чунин дарҷ шудаанд:

Дафтарчае, аз миёни оташи ҷанг

22.06.1941 Соати 4 пагоҳӣ Германия ба СССР ҷанг сар кард.

15.07.1941 Маълумоти миёнаву олӣ доштаҳоро дар Боғир ҷамъ карданд. Машқи девизион мегузарад.

20 - 21. 08. 1941 Дар шаҳри Ашқобод дар назди полки 150 - ум барои лейтенанти хурд шудан имтиҳон супоридем.

25.08.1941 Бо қатора ба Тошканд омадем. Дар лагери Сталинӣ ҳаммаҳаллаам Абдуғанӣ Ваҳҳоббов ва ҳамкурсам Собир Ёқубовро дидам.

29.08.1941 Ба деҳаи Озодбоши Қазоқистон фиристоданд.

27.09.1941 Модарам ҳамроҳи ҷиянам Мирзосангин ба дидани ман омаданд.

26.10.1941 Бори дигар қасами ҳарбӣ хурдем.

5.12. 1941 Аз Алмаато баромадем.

Блокнот ветерана ВОВ Мирзошарифа Гафурова
© Sputnik
Блокнот ветерана ВОВ Мирзошарифа Гафурова

13.12.41 Ба шаҳраки Доброво 18 км дуртар аз Маскав қарор дорем.

28.12.41 Гурӯҳи зарбдор таъсис ёфт.

29.12.1941 Аз Домодедово баромада ба истансияи Ғоровита фаромадем, ки аз Ленинград 400 км дур аст.

03.01.1942 Ду самолёти немис истансаро тирборон кард. Аз тири пулемёт чанд нафар мурданд, ярадор шуданд.

06.01.1942 Аз истансияи Боросово баромадем. Дар ин ҷо деҳае сухта. Дар хандақ ду шабро рӯз кардем.

09.01.1942 Фармон гирифтем, ки деҳаи Взягинсоворо аз немисҳо тоза кунем. Рӯзи дароз ҷангидем. Немисҳо тирпаррон гурехтанд. Деҳа аз душман озод шуд, аммо 17 нафар аз мо захм бардоштанд. Командири ман ҳамеша манаҳ мезад, ки қадпастам ва ба дигарон расида наметавонам. Таъкид мекард, ки ман дар задухурди аввалин аз тири душман мемирам. Аммо худи ӯ мурд. Серешев одами нағз буд.

20.01. 1942 Соати 12- и шаб фармон омад, ки қишлоқи дигарро халос кунем. Немисҳо фаҳмида бе ҷанг гурехтанд. Ду қишлоқи дигарро бо марш муфт гирифтем. Лекин деҳаҳо сухтаву ғайр аз пиру кампирҳо дигар касе нест. Духтарону баччаҳоро бо худ бурдаанд.

16.01.1942 Дар деҳаи Ҳолм дам гирифтем. Баъд се рӯз паи ҳам роҳ гаштем.

Қиссаи мактабсузӣ ва иқрори гуноҳ

Мирзошариф дар бораи чи гуна маҳв шудани душманон дар дохили як мактабро низ ба ёд овард. Ӯ гуфт, ки рӯзи 26-уми январи соли 1942, амр гирифтем, ки бояд мавзеи Еленаро  аз немисҳо озод кунем, аммо инҷо дар задухурд душманон ба осонӣ таслим намешуданд. Як қисми онҳо гурехтанд, аммо қисми зиёд, 400 нафар дар дохили як мактаб панаҳ бурда, дар ниҳоят онҳо нобуд карда шуданд.

“Як шаби дароз то нисфи рӯз тирпаронӣ кардем, 67 нафарро куштем, аммо таслим нашуданд. Аз мо 33 нафар ярадор шуд. Дар Ба ин қарор омадем, ки барои душманонро пурра нобуд сохтан, бояд тамоми мактабро оташ занем. Ба чор тарафи он керосин рехта оташ задем. Дар натиҷа ҳамаи онҳо гимнхонон кушта шуданд. Ба ҷуз ин илоҷи дигар надоштем. Дар ин вақт, яке аз онҳо аз даруни бинои мактаб  баромада, дасташро бардошта таслим шуд. Вай гуфт, ки немис не, белорус аст ва дар фермаи немисӣ ба тарафи душман хизмат мекунад. Аз он, ки белорусҳо ҳам он вақт ба немисҳо ҳамроҳ шуда буданд, инро ҳамяроқонам шунида вайро нуги найза бардоштанд. Чун ба замин заданд, сахт нола кард. Ман  омада тире ба сараш задам, ки косахонаи сараш ҷудо шуд. Ҳамяроқон ранҷиданд: “Бояд вай сахтар азоб мекашид, ту азоби вайро сабук кардӣ. Ман ин гунаҳро ба гардан гирифтам”, - ба ёд меорад, Мирзошариф.

Мирзошариф Ғафуров ҳамчунин ҳодисаи ду бор аз тир захминшавиашро иброз намуд. Маротибаи аввал, замоне, ки зери барф дар хандақ (чуқурӣ) аз душман панаҳ мебурданд, тир ба гӯшаш расидааст, ки гуфт барои ин хунукии сахт сабаб шуда буд.

“Бояд як деҳаро аз ҷанговарони немис тоза мекардем. Онҳо дар баландӣ қарор доштанд. Командири мо мегуфт, ки то фармон (он вақт фармон “урра” буд) надиҳем, аз ҷоятон наҷунбед. Барф то зонӯ баланд буд. Соатҳо даруни хандақ панаҳ мебурдем. Аз ин ман хунук хурдам. Як бор сарамро бардошта хостам, ҷоямро бароҳат созам, ки ин замон ба гӯшти ростам мисле, ки касе бо хишт зад. Аз ин ҳол сарам гаранг шуд, ба замин афтидам. Дар атрофам ҳамяроқонам буданд. Якеаш омаду ҳоли маро дид. Маълум шуд, ки тир ба баргаки гӯшам зада гузаштааст. Як солдат омаду аз дохили барф як барги хазон ёфт ва бо ҳазл гуфт,  “ин аст гӯши ту”. Дар киссам як покет буд, гирифта онро ба сару гӯшам пӯшонд. Ман ба бемористон мерафтам, То он ҷо 70 километр масофа буд. Ман ҳар рӯз 10 километрӣ  роҳро тай мекардам. Ҳамин тариқ баъди 7 рӯз ба бемористон расидам. Аммо он ҷо як духтури калонсол пакетро аз сарам кушод ва дид, ки захми тир хуб шудааст. Ба ман бовар накарда мегуфт, ки ин сохта аст. Аммо вақте дид, ки аз зарби хуникӣ ҷои захм рим пур кардааст, бовар карда. Ҳамагӣ се рӯз рухсатӣ таъин кард”, - ба ёд меорад лаҳзаҳои замони ҷангро Мирзошариф.

Бино бар нақли ӯ рӯзи 18 уми январи соли 1943,  онҳо ба деҳаи Иваново 5 км дуртар аз истансияи Чернозем ҳуҷум мекарданд. Аммо ин ҷо ҷанг шадидан ҷараён дошт. Ду тир дасти чаппашро шикоф кард. Ӯро барои табобат ба госпитали шаҳри Горкий, шаҳраки Правдиск интиқол доданд. Баъди ду моҳи табобат боз ба хатти фронт сафарбар шуд. Ин навбат, на ба фронти Калинин, балки ба тарафи Смоленск фиристоданд ӯро. Моҳи августи соли 1943 ҳайати қисми ҳарбии он аз нав таъсис дода шуд. Ҳамон вақт Мирзошарифро ҳамчун аскари донову ҷасур барои хондан ба омӯзишгоҳи ҳарбии алоқаи шаҳри Пенза тавсия доданд. Ба омӯзишгоҳ дохил шуд. Ин омӯзишгоҳ ба шаҳри Грозний кӯчид. Курси дуюмро тамом накарда, ҷанг тамом шуд.

Ҳамин тавр Мирзошариф бо сари баланд ва бо ғалабаи мутлақ бар муқобили душман хизмати аскариро тамом кард ва аз ҷанг ба хонааш деҳаи Рӯмон баргашт.

Тӯйи арӯсию домодии ӯву Бибишарифа баргузор шуд.  Мирзошариф мегӯяд то замоне, ки аз ҷанг баргардаду ин туй баргузор шавад, ҳамсараш Бибишарифа ӯро шаш соли дароз интизор монда буд.

Тӯйи арӯсии онҳо ҳам ба дунболи хурсандиҳои ғалаба бар ҷанги бузурги ватанӣ баргузор гардид. Онҳо соҳиби 9 фарзанд шуданд. Ҳоло ба ҳисоби фарзандони набераву абераҳояш пайвандони Мирзошариф иборат аз 200 нафаранд.

Ветеран ВОВ Мирзошариф Гафуров
© Sputnik
Ветеран ВОВ Мирзошариф Гафуров

Баъд аз ҷанг Мирзошариф Ғафуров соли 1958 курси ғоибони Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷандро хатм кард ва то соли 1979 дар мактаби деҳааш ба касби пурифтихори омӯзгори машғул шуд. Баъди рафтан ба нафақа ҳам бекор нанишаст, бо маслиҳати дӯсти ҳамдеҳааш Абдуллохоҷа Исмоилов, ки дар солҳои ҷанг ҳарду ҳамяроқ буданд ба гулпарварӣ машғул шуд. Дар ҳавлиаш чанд гармхонаи гулпарварӣ дуруст карду аз пушти ин меҳнати ҳалол фарзандонашро ба камол расонид. Фарзандонаш низ ин ҳунари падариро аз бар карданд ва имрӯз аз пушти он рӯзии худро дарёфт карда метавонанд. Писари калонияш Мирзоҳошим муаллим аст ва дар вақти холӣ аз машғулиятҳои донишгоҳ гулпарварӣ мекунад. Мирзоабдуллову Мирзовалӣ ва  Мирзотоҳиру Мирзоалӣ низ гармхонаи гулпарварӣ доранд ва ба ҷуз касбу кори худ, ҳисоби зиндагиашонро аз меҳнати  ҳалоли гулпарварӣ пайдо мекунанд. 

Бобои Мирзошариф ҳоло дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад ва шукр мекунад, ки 100 сол боз комаш аз зиндагӣ ширин аст.   

895
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод

Холод хатари коҳиши ҳосили картошкаро дар Тоҷикистон шарҳ дод

27
Коҳиши ҳосили картошка дар Тоҷикистонро доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Федератсияи Русия Леонид Холод шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Кишоварзони Тоҷикистон зиёда аз 227 ҳазор тонна картошка ҷамъ оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 78 ҳазор тонна (ё 25%) камтар аст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Коҳиш ёфтани ҳосили картошка дар Тоҷикистонро, доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Федератсияи Русия Леонид Холод инро хабари бад номида гуфт, ҷумҳурӣ ба ин сабзавот вобастагии зиёд дорад.

Иқтисодшинос гуфт, ки чунин вазъ метавонад дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ ба амал ояд, зеро шароити табиӣ тақрибан якхела буд, сатҳи кишоварзӣ низ ба ҳамин монанд аст. Дар чунин шароит, нархҳо ва имкониятҳои содиротии ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ маҳдуд хоҳанд шуд.

"Тибқи қонунҳои муқаррарии бозор, коҳиш ёфтани истеҳсоли ватанӣ ва бад шудани шароити беруна бевосита ба болоравии нархҳо дар бозор оварда мерасонад. Зеро ҳаҷми истеъмоли маҳсулот, ки яке аз маҳсулоти асосӣ мебошад ва маҳсули талаботи сершумор аст, наметавонад хеле кам шавад”, гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Тибқи гуфтаи иқтисодшинос, коҳиши ҷиддии ҳосилнокӣ, метавонад ба бемуботии нарх дар бозор ва ҳамзамон ба воҳима оварда расонад, ки чунин ҳолат хавфнок хоҳад буд.

Ба таъкиди ӯ мақомоти давлатиро лозим аст, ки бозор ва динамикаро аз наздик назорат кунанд ва дар сурати болоравии шадиди нархҳо, диққат диҳанд ва тафтишот гузаронанд.

Илченко: Истеҳсоли картошка барои кишвар вазифаи стратегӣ аст

Номбурда гуфт, бо вуҷуди вазъи мавҷуда, мардум набояд ба вохима афтанд ва харидори зиёд кунанд, зеро дар бозор картошкаи нав пайдо мешавад, ки бояд нархҳоро устувор созад.

27
Барчаспҳо:
истеҳсол, бозор, нарх, картошка, Тоҷикистон
Партия наркотиков

Интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон 10% коҳиш ёфтааст

40
(Таҷдидшуда 13:01 27.09.2020)
Қисми зиёди маводи мухаддире, ки мехоҳанд ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд, дар марз ё минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон мусодира карда мешаванд, қайд кард Агентии назорати маводи мухаддир.

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар ду соли охир ҳаҷми интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар масири шимол коҳиш ёфт, хабар медиҳад Агентии назорати маводи мухаддири ҷумҳурӣ.

Тибқи маълумоти расмӣ, аз соли 2017 то 2019 ҳаҷми интиқол аз 15 то 10% коҳиш ёфтааст.

"Интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо роҳи ба истилоҳ Масири Шимолӣ аз соли 2017 инҷониб аз 15 то 10% коҳиш ёфтааст.  Ин ба шарофати афзоиши назарраси назорат, аз сарҳад ва то ба тамоми минтақаҳои кишвар, имконпазир гардид ", - гуфта мешавад, дар гузориши оҷонсӣ "Дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020".

Гуфта мешавад, ки аксари маводи мухаддире, ки онҳо мехостанд ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд, дар марз ё минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира карда мешаванд.

Ҳамин тавр, соли 2019 дар ҷумҳурӣ беш аз 1,6 ҳазор килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки 48% аз он дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира шудааст.

Мақомот дигар мухаддирот намехаранд: Салимзода гуфт, чаро гардиши нашъа 2 тон кам шуд

Ин ниҳод қаблан гуфт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон давоми солҳои 2017-2020 35 гурӯҳи муташаккили ҷиноии трансмиллиро ошкор ва нест карда, инчунин 84 роҳбар ва аъзои фаъолро боздошт карданд.

40
Барчаспҳо:
Агентии назорати маводи нашъаовар, Афғонистон, Тоҷикистон