В 201 РВБ на 9 мая провели праздничный концерт и Бессмертный полк

Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо гузашти низомӣ Рӯзи Ғалабаро таҷлил намуданд

125
(Таҷдидшуда 16:51 09.05.2019)
Дар Тоҷикистон низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия зери маҷмуъаи ёдгорӣ гулгузорӣ карданд

ДУШАНБЕ, 9 мая – Sputnik.  Маросими ҷашнӣ ба муносибати ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯз дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ баргузор шуд, иттилоъ додааст Ҳавзаи низомии марказии Вазорати дифои Русия.

“Мисли анъана сарбозони пойгоҳи низомӣ зери маҷмуъаи ёдгории гулгузорӣ карданд. Сипас дар майдони машқи пойгоҳи 201-уми Русия пас аз табркоти командир ва меҳмонҳои даъватшуда гузашти низомӣ баргузор шуд”, таъкид намудааст манбаъ.

Баъди маросими расмӣ низомиёни пойгоҳи 201-ум ҳамроҳи аҳлу оилаашон бо суратҳои бобоёну хешу ақрабояшон, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардаанд, дар роҳпаймоҳии "Ҳанги Ҷовидон" иштирок карданд.

Рӯзи ҷашнӣ дар пойгоҳи 201-ум бо консерти идона ва баромади қисмҳои тафтишот бо техникаи ҳарбӣ анҷом ёфт.

Дар маросими мазкур дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия сафирони Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Узбакистон иштирок намуданд.    

125
Барчаспҳо:
Ҳанги ҷовидон, душанбе, гузашти низомӣ, сарбозони пойгоҳи 201, пойгоҳи 201, Тоҷикистон

Омори муҳоҷират дар Тоҷикистон: чанд нафар омаду чӣ қадар кишварро тарк кард

203
(Таҷдидшуда 15:02 17.01.2021)
Дар умум дар робита бо ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзи аксари кишварҳо, сатҳи муҳоҷират дар Тоҷкистон коҳиш ёфт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар давоми соли 2020 - 740,2 ҳазор шаҳрванд Тоҷикистонро тарк кард, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта, 1 миллиону 517 ҳазор ё 67,2% камтар аст.

Ҷуғрофияи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби агентӣ дақиқ гуфта нашудааст.

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

Бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои зерин омадаанд: Ӯзбекистон - 271,5 ҳазор (66,2% аз шумораи умумии воридшудагон), Русия - 54,9 ҳазор (13,4%), Қирғизистон - 45,9 ҳазор ( 11,2%), Қазоқистон - 9,3 ҳазор (2,3%).

Бекорӣ аз байн меравад? Амонзода дар саросари ҶТ ярмаркаи ҷойи кори холӣ ташкил мекунад

Аз кишварҳои хориҷии дур ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон - 6 ҳазор нафар (1,5%), Чин - 3,1 ҳазор нафар (0,8%), Туркия - 2,7 ҳазор нафар (0,7%), 1,9 ҳазор нафар (0,5%), Эрон - 1,3 ҳазор нафар (0,3%), ИМА - 1,2 ҳазор нафар (0,3%), Олмон - 0,5 ҳазор нафар (0 , 1%), Покистон - 0,4 ҳазор нафар (0,1%) сабт шудааст.

203
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, муҳоҷират, омор

Тоҷикистонро шаб заминҷунбии сахт такон дод

1433
(Таҷдидшуда 03:21 17.01.2021)
Макони заминҷунбӣ на Тоҷикистон, балки наздикии ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон буд, ки дар он ҷо шиддати ларзиши замин ба 5,5 дараҷа мерасид

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тоҷикистонро заминҷунбии шадид такон дод. Заминларза соати 1- и шаби рӯзи 17 январ рух дода буд.

Баъзе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, шиддати заминларза дар Душанбеву Хуҷанд низ сахт буд.

Бар хабари марказҳои зилзиланигории ҷаҳон, заминҷунбӣ дар наздикии ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон рух дода, шиддаташ дар онҷо ба 5.5 дараҷаи Рихтер баробар аст.

Заминҷунбӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Тибқи баъзе маълумот дар Афғонистон, зилзила як қатор музофотҳои ин кишварро такон додааст. Манобеи Афғонистон дар як гузориши хабарӣ гуфтаанд, ки зилзилаи шадид Кобул ва баъзе вилоятҳои дигарро такон дод.

Гуфта мешавад, ки сокинони вилоятҳои Балх, Панҷшер, Кундуз, Самангон ва Нангарҳор низ заминларзаро эҳсос кардаанд.

Ҳоло дар мавриди талафоти ҷонӣ ва ё хисороти молӣ маълумоте рӯи даст нест.

1433
Барчаспҳо:
Афғонистон, заминҷунбӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Даргузашти Дӯстмурод Уроқов, иқтисодшиносу адиби тоҷик-акс

0
(Таҷдидшуда 16:11 17.01.2021)
Дӯстмурод Уроқов, иқтисоддони тоҷик, ки ба эҷоди асарҳои бадеӣ низ шуҳрат дошт, дар синни 78-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе яке аз донишварони пуркори иқтисоддон ва адиби соҳибдилу соҳибқалам Дӯстмурод Уроқов дар синни 78-солагӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид, хабар додааст Фаридун Раҳнавард, рӯзноманигори тоҷик.

Дӯстмурод Уроқов, соли 1942 таваллуд шуда, доктори илми иқтисод, профессор, ходими шоистаи илми Тоҷикистон мебошад.

Дар бораи сабаби фавти Уроқов иттилое ироа нашудааст. Раҳнавард дар саҳифааш аз хизматҳои Уроқов барои илму адабиёт гуфтааст.

“Равоншод умри худро вақфи хидмат ба илму маориф ва адабиёт намуда, аз худ як силсила осори арзишманди илмиву адабӣ ба ёдгор гузоштанд. Академики Академияи иқтисодии Авруосиё, Арбоби илму техникаи Тоҷикистон ва Раиси Ассосиатсияи муҳосибон ва аудиторонии Тоҷикистон буд”, - изҳор дошт Раҳнавард.

Таъкид шудааст, ки марҳум дар баробари таълифи осори илмӣ ва фаъолияти пурсамар дар соҳаи иқтисод ба эҷоди асарҳои бадеӣ низ рағбат дошт.

Дар феҳрасти асарҳои бадеияш "Муҳофиз", "Қиссаҳои марғуби зиндагӣ", "Овора", "Диёри файзбори ман", "Меҳрона" ва ғайра зикр шудаанд, ки дар радифи осори илмӣ номашонро зинда медоранд.

0
Барчаспҳо:
даргузашт, Тоҷикистон