Обуҳавошиносон: то 32 дараҷа гармӣ ва боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ҳаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво  шабона 12-14 ва рӯзона 30-32  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 12-17 ва рўзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва  рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.

Новогодний Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Гармӣ: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то +18 дараҷа мешавад

дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш  мешавад. Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва  рӯзона 20-25 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 2-7  дараҷа сард шуда, рӯзона 10-15 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15-20  ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 3-8 ва  рӯзона  18-23  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14  ва   рӯзона 23-28 дараҷа гарм  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0