Флаги СНГ, архивное фото

Роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои ҳамсуд ба Душанбе меоянд

222
(Таҷдидшуда 10:09 14.05.2019)
Дар Душанбе ҷаласаи Роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои ҳамсуд баргузор мегардад, ки дар он масъалаи ҳимоия зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik.  Бино бар иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, роҳбарони хадамоти махсуси ИДМ миёнаҳои моҳи май дар шаҳри Душанбе ҷамъ меоянд.

Тавре сардори Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев зимни нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар шаҳри Маскав қайд намудааст, ҷаласае, ки дар моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, барои хадамотҳои махсуси кишварҳои ИДМ хеле муҳим аст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ Андрей Новиков изҳор дошт, ки ҳимояи зиддитеррористии кишварҳо ва шаҳрвандони ИДМ дар сатҳи сифатнок қарор дорад.

Вай гуфт, ки агар вазъияти мавҷуда дар доираи ИДМ-ро ба таври муфассал баррасӣ намоем, он гоҳ метавонем изҳор дошт, ки мақомоти амният, хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қодиранд ба шарофати корҳои мувофиқашуда сатҳи назаррас ва  сифатноки ҳимояи зиддитеррористии кишварҳо ва шаҳрвандонамонро таъмин намоянд.

222
Барчаспҳо:
кишварҳои ҳамсуд, ИДМ, ҷаласа, душанбе, Тоҷикистон
Рустам Эмомали

Рустам Эмомалӣ: Тоҷикистону Русия иқтидори иқтисодиро ба таври кофӣ истифода намекунанд

128
(Таҷдидшуда 20:23 24.11.2020)
Раиси шаҳри Душанбе дар дидор бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко таъкид кард, ки барои Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Русия аҳамияти ҷиддӣ ва аввалиндараҷа дорад

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.  Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе зимни сафари расмӣ ба шаҳри Маскав бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия дидору гуфтугӯ кард.

Зимни дидор Рустам Эмомалӣ таъкид дошт, ки ҳамкориҳои дустона ва шарикии Тоҷикистону Русия имрӯз дар тамоми самтҳо мунтазам рушд доранд.  

“Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯза ба рушди ҳамкориҳои минбаъда дар тамоми соҳаҳо такони ҷиддӣ мебахшанд. Рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Русия ҷанбаи муҳими рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”, - гуфт Рустами Эмомалӣ.  

Вай инчунин дар бораи ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар таъкид дошт дошт.

“Тамоси доимии байнипарлумонӣ миёни кишварҳо заминаи тамоми ҳамкориҳо миёни ду кишвар аст. Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ имкон медиҳад бо як дигар бештар дидор кунем ва масоили муҳиму мубрамро  баррасӣ намоем ва ба масоили гуногун табодули назар намоем”, - қайд кард Раиси шаҳри Душанбе.

Рустам Эмомалӣ ҳамчунин ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар низ ишора кард.

Вай гуфт, барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия имрӯзҳо механизмҳои зиёди ҳамкорӣ вуҷуд дорад.  

“Имрӯз Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои хубро ба роҳ монданд, аз ҷумла ду кишвар дар соҳаи сиёсӣ, тиҷорӣ, гуманетарӣ, низомӣ, низомӣ-техники ва ғайра ҳамкории зич доранд”, - қайд кард шаҳрдори Душанбе.

Вай махсусан зикр кард, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия дар нуҳ моҳи соли равон ба 723 миллион доллар расидааст.

Шаҳрдор илова кард, ки Русия сармоягузори муҳими Тоҷикистон аст.

Аммо Рустами Эмомалӣ аз истифода набурдани имкониятҳои иқтисодии ду кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Вай гуфт имкониятҳои сармоягузории мустақими Русия ба иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ҷававобгӯ нест ва имконятҳои иқтисодии ду кишвар ба андозаи кофӣ истифода намешавад.

Рустам Эмомалӣ афзуд, ки ҳоло Тоҷикистон бо беш аз 80 минтақаи Русия ҳамкории иқтисодӣ дорад.

Вай гуфт, афзоиши гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон маҳз ба рушди ҳамкориҳо бо минтақаҳои Русия вобастагӣ дорад.

Ҳамзамон Рустам Эмомалӣ аз вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ ёддошт шуд.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Душанбе, шаҳрвандони Тоҷикистон аз бозори меҳнатӣ Русия ҳавасманд мебошанд.

“Хадамотҳои дахлдори ду кишвар бояд корҳоро барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон идома диҳанд. Мо хоҳони қоидаҳои муносиб барои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ҳастем. Аз ҷумла дар масъалаи содашудани сабти иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон”, - таъкид дошт Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе. 

Ёдовар мешавем, дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

128
Барчаспҳо:
Валентина Матвиенко, Матвиенко, дидор, Маскав, сафар, Душанбе, раиси шаҳр, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода

Вазир ва муовинаш ба тафтиши беморхонаҳои шаҳри Душанбе баромаданд

13
(Таҷдидшуда 18:51 24.11.2020)
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондаанд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон шахсан аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе дидан намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни боздид вазири тандурустии кишвар бо фаъолияти  муассисаи мазкур аз наздик шинос шуда, оид ба рафъи мушкилиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта шудааст, ки вазир дар ҳамин муассиаи тиббӣ бо чанд беморон дидору гуфтугӯ кард.

Инчунин манбаъ, таъкид доштааст, ки шаби 22 ноябри соли равон муовини вазири тандурустӣ Зулфия Абдусаматзода аз рафти  хизматрасонии шӯъбаи таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва як қатор шӯъбаҳои таваллуди беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан намуд.

Вазорат зикр кардааст, ки муовини вазир бо фаъолияти шӯъбаҳои таваллуд, шинос шуд ва бо наздикону пайвандони беморон низ вохурӣ кард.

Қайд карда шудааст, ки зимни вохурӣ по беморон вобаста ба хизматрасонии тиббӣ суҳбат намуданд.

13
Барчаспҳо:
муовин, санҷиш, беморхона, тандурустӣ, вазир, Тоҷикистон
Валентина Ивановна Матвиенко

"Маскав бароят шаҳри бегона нест": пазироии Матвиенко аз Рустами Эмомалӣ- навор

354
(Таҷдидшуда 20:23 24.11.2020)
Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо нахустин сафари кории худ озими Русия шуд, бо ҳамтои русаш Валентина Матвиенко вохӯрд

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Дар Маскав мулоқоти рӯбарӯи Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко баргузор шуд. Ин мулоқот дар доираи сафари расмии ҳайати Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия бо даъвати раиси Шӯрои Федератсия баргузор гардид.

Встреча Валентины Матвиенко с Эмомали Рахмоном
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Дар мадҳ, Матвиено, Рустами Эмомалиро ба пойтахти Русия шаҳри Маскав хушомадед гуфта, изҳор дошт, ки "Маскав барои ӯ шаҳри бегона нест, чун ин ҷо таҳсил карда, маълумоти олӣ гирифта буд".

Гузашта аз ин, раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки Рустами Эмомалӣ барои нахустин сафари кории худ маҳз Русияро интихоб намуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар замони пандемия ташриф овардан ба кишвари дигар боиси таҳсину офарин аст.

"Ҳоло, аксар мулоқоту вохӯриҳо дар шароити видеоӣ мегузаранд, вале мулоқоти мо на фосилавӣ, балки бевосита рӯбарӯ баргузор мегардад, ки ин барои ман бисёр хуш аст", - тавзеҳ додааст Матвиенко.

Зимнан, Матвиенко афзуд, ки Рустами Эмомалиро мулоқот бо шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва чанд мақомдори дигари Русия интизор аст.

Ёдовар мешавем, дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

354
Барчаспҳо:
Валентина Матвиенко, Рустами Эмомалӣ