Танбеҳи Раҳмон ба роҳбарияти Бонки миллӣ: аз Нурмаҳмадзода то Нуралиев огоҳӣ гирифтанд

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон чанде аз масъулинро барои "ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон" танбеҳ дод

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Имрӯз, 14 май раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як амру як фармоиш роҳбарияти Бонки миллӣ ва Кумитаи гумрукро танбеҳ дод.

Дар бораи танбеҳи роҳбарияти Бонки миллӣ, аз ҷумла Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси бонк ва Ҷамолиддин Нуралиев - муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон амри президент ба имзо расидааст.

"Ба Нурмаҳмадзода Ҷамшед - раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Нуралиев Ҷамолиддин Камолович - муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло - муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Салимова Лола Ҷумаевна - муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон танбеҳ дода шавад", - гуфта мешавад дар матни санад.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони санаи санҷиши сартосарӣ ва ишораи Раҳмон ба сирри оилаҳои мансабдорони серпул

Дар бораи танбеҳи роҳбарияти Хадамоти гумрук фармоиши раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, ки дар он омадааст:

"Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ба Каримзода Хуршед Абдураҳмон – сардори Хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар - муовини якуми сардори Хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф - муовини сардори Хадамоти гумрук, Шерализода Хуршед – муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабиашон танбеҳ дода шавад".

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон 10 май дар маҷлиси ахираш бо мақомоти бонку молия ва гумруку андоз аз фаъолияти масъулин сахт интиқод карда буд.

Аз ҷумла, кишвардор изҳори нигаронӣ кард, ки кормандони бонк маблағҳоро бо ҳар роҳ аз худ мекунанду роҳбарон нисбати муассисаашон беаҳамиятанд.

Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон хоҳиши раиси Кумитаро рад кард: Кодекси андоз нав мешавад

"Бонкҳои "Амонатбанк" меравед, дар шаҳру ноҳияҳо, ки шиштааст, коргаре, ки 700-800 сомонӣ маош мегирад, аммо маблағҳоро бо ҳар роҳ аз худ мекунад. Ин ҳолат аз бонки миллӣ, вазорати молия ва кумитаи гумруку андоз сар карда, ба назар мерасад. Вақте як ҷавони бузбала 150 кило вазн дорад, ман боварӣ дорам, ки 700 сомонӣ якҳафтаина хӯрокаш дар ошхона намешавад, аммо вай ошхона намеравад, ресторан меравад" - ёдрас шуд раисҷумҳур.

Як интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз як корманди Кумитаи гумрук Шаҳбоз Раҷабзода низ зуд расонаӣ гашт. Президент дар пайи бозпурсӣ аз фаъолияту дороии Раҷабзода ӯро дар ҳамон толор "гум шав" гуфт ва таъкид кард, ки пулҳои аз Тоҷикистон баровардаашро баргардонад.

Саранҷом роҳбари кишвар ба масъулин вазифа дод, ки дороии мансабдорони серпул санҷида шавад.

 

Лентаи хабарҳо
0