Раисҷумҳур ба сафири Тоҷикистон дар Эрон вазифаи нав дод

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низомиддин Зоҳидӣ бо як фармони кишвардор Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъин шуд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 14 май бо тасвиби ду фармон ба ду сафири Тоҷикистон дар хориҷ вазифаҳои нав дод. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад.

Бино бар фармони кишвардор таҳти рақами 1261 сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъин шуд.

Фармони дигари президент низ дар бораи мақоми нав ба сафири Тоҷикистон дар Швейтсария аст.

Мутобиқи он, Ҷамшед Ҳомидов ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони байналмилалии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дар Шоҳигарии Испания таъин гардид.

Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи апрел Зоҳидӣ Низомиддин аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ озод ва ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0