Девушки на улице в Душанбе, архивное фото

Рамазони гарм: имрӯз дар Тоҷикистон то 37 дараҷа гарм мешавад

247
(Таҷдидшуда 10:11 15.05.2019)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат то 30-35 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи  бебориш  дар назар аст. Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва  рӯзона 18-23 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 3-8  дараҷа сард шуда, рӯзона 9-14 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд    тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 16-21  ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 3-8 ва  рӯзона  18-23  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15  ва   рӯзона 22-27 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ  борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 12-16 ва рўзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва  рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 11-13 ва рӯзона 30-32  дараҷа гарм мешавад.

247