Город Хорог, архивное фото

Намояндагони шаҳри Хоруғ аз таҷрибаи созандагии ноҳияи Мастчоҳ ошноӣ пайдо карданд

178
(Таҷдидшуда 17:00 15.05.2019)
Як гурӯҳи фаъолони Бадахшон ба ноҳияи Масчоҳ омада аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ин ноҳия ошноӣ пайдо карданд

ДУШАНБЕ, 15 мая – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ахиран як гурӯҳ намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғи ВМКБ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, фаъолони ВМКБ тӯли чанд рӯз бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия Мастчоҳ шинос гардиданд.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ҳайати меҳмонон ҳамзамон бо фаъолияти кории раисони маҳаллаҳо мулоқот намуданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки намояндагони Бадахшон ҳамчунин аз нозирони минтақавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ошноӣ пайдо намуда, бо тассуроти хотирмон ба ВМКБ баргаштанд.

 

178
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Суғд, Мастчоҳ, ВМКБ, Хоруғ, Тоҷикистон
Рустам Ходжаев стал новым главным тренером Панджшера

Ваъдаи пирӯзӣ дар ҳар бозӣ: тими "Хуҷанд" сармураббии навашро эълон кард:

15
(Таҷдидшуда 10:25 19.01.2021)
Ба ҳайати тими Рустам Хоҷаев Фаррух Марофиев мураббии калон, Мансур Ҳакимовро мураббии интихобӣ ва Алишер Тӯйчиевро ҳамчун мураббии дарвозабонҳо шомил шудаанд.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik.18 январ ноиби чемпиони Тоҷикистон, клуби футболи "Хуҷанд" номи сармураббии нави дастаро эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамакнун тими "Хуҷанд"-ро мутахассиси 48-сола Рустам Ҳоҷаев тамрин хоҳад дод, ки солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд.

Ба ҳайати тими Рустам Хоҷаев Фаррух Марофиев мураббии калон, Мансур Ҳакимовро мураббии интихобӣ ва Алишер Тӯйчиевро ҳамчун мураббии дарвозабонҳо шомил шудаанд.

Рустам Хоҷаев аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра ба даст овард.

Дар мавсими 2020, Хоҷаева ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтанаш иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд.

"Ҳиссиёти махсус дорам, хеле шодам, ки бори дигар ба ин тими калон, ки дорои таърих ва анъанаҳои бой аст, боварӣ карданд. Мехоҳам ба роҳбарияти вилояти Суғд, мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзод ва директори маҳфил Муроҷон Умаров барои эътимодашон ташаккур гӯям. Ман аз мавсими оянда интизориҳои хуб дорам, ба бозигаронам боварӣ дорам, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем. Ва албатта, дар кори худ мо мунтазири дастгирии мухлисони "Хуҷанд" ҳастем".

Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд

Ӯ гуфтааст, ҳамчун як футболбоз ба Хуҷанд омад, ин дастаро тамрин медод ва медонад, ки мардум дар ин ҷо ба таври хос тимро дӯст медоранд ва дастаи худро дастгирӣ мекунанд.

15
Барчаспҳо:
интихоби сармураббӣ, тими футболи "Хуҷанд", Тоҷикистон
Площадь Сомони в Душанбе

Борону барфи тар меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

60
Аз имрӯз сар карда, тақрибан дар саросари Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат бо барфи тар сар мешавад, ки дар кишвар чанд рӯз идома хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҳавошиносон дар Тоҷикистон боришоти барфи тару боронро пешбинӣ карданд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Дар Душанбе ҳавои нимаабрӣ ба қайд гирифта шуда, баъзан борон меборад, ҳарорат рӯзона то + 12-14 ℃ гарм ва шабона 1-3 ℃ сард хоҳад буд.

Дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ бориш на танҳо дар шакли борон, балки барф, шамол низ ба назар мерасад. Дар водиҳо шабона ҳарорат ба сифр ва дар кӯҳҳо ба -3 дараҷа мефарояд ва рӯзона, сарфи назар аз номусоидии ҳаво, ҳаво то 10-15 гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-5,5мм) пешгӯи мешавад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа  хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  19-24 ва рӯзона 12-17 дараҷа  хунук мешавад.

Ба Тоҷикистон гармӣ меояд - пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои ҳафтаи нав

Дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, чунин ҳолат ба назар мерасад, барфу борон меборад ва дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Ҳарорат шабона то -2 дараҷа ва рӯзона то + 11 дараҷа мебарояд.

Дар вилояти Хатлон дар баъзе ноҳияҳо каме борон меборад, рӯзона то + 16 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

60
Барчаспҳо:
борон, барф, сардӣ, гармӣ, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Тоҷикистон