Здание парламента Республики Таджикистан

Дар Тоҷикистон ба интихоботи порлумонӣ омодагӣ мебинад

194
Охирин интихобот дар маҷлиси пойини порлумони Тоҷикистон 1 марти соли 2015 баргузор шуда буд

 ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон омодагӣ ба интихоботи маҷлиси пойини порлумони кишварро оғоз карданд, иттилоъ додааст хабаргузории  ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи, комиссиюни марказии интихоботу ҳамапурсии Тоҷикистон, ба зудӣ аҳзоби сиёсии кишвар феҳристи мушоҳидагарони худ дар 41-умин ҳавзаи интихоботро ироа мекунанд.

Интихоботи порлумони нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли 2020 баргузор мешавад.

Охирин интихобот дар маҷлиси пойини порлумони Тоҷикистон 1 марти соли 2015 баргузор шуда буд. Дар он Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) бо дарёфти 65,2 дарсад раъй пирӯз шуда буд.

Мушоҳидагарони ғарбӣ, ки дар беш аз 50 дарсади марокизи интихоботӣ ҳузур доштанд, интихоботро манфӣ арзёбӣ карда буданд.

194
Барчаспҳо:
парлумон, овоздиҳӣ, раъйпурсӣ, Тоҷикистон
Девочка плачет, архивное фото

"Фарзандбезор нестам": модари кӯдаконе, ки аз дасти падар озор медиданд, наздашон меояд

67
(Таҷдидшуда 16:34 27.05.2020)
Модари ду кӯдаке, ки аз дасти падари худ латукӯб мешуданд, мегӯяд ба Русия танҳо ба хотири пул кор кардан ва соҳиби як сарпаноҳ шудан бо ҳамсар ва фарзандони худ дошт

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Диловар Сафаров блогери тоҷик ахиран бо модари кӯдаконе, ки аз ҷониби падари худ кӯфта мешуданд, ҳамсӯҳбат шуд. Модари ин ду дӯстрӯяк мегӯяд, аз пайи харид кардани чипта аст ва агар имкон пайдо кунад, фавран ба Тоҷикистон бармегардад ва кӯдаконашро бозпас мегирад.

"Ман модари фарзандбезор нестам. Ман худ аз падару модарам ятим мондам ва кӯдакони худро бесоябон намемонам", - мегӯяд ӯ.

Модари ин ду тифли бегуноҳ бо овози ларзону гирён қисса намуд, ки дар хонаи шавҳари худ ҳарчанд ғуломвор хизмат мекард, аммо пайваста аз ҷониби ҳамсар ва хушдомани худ озор медид.

"Пас аз он ки ҳамсари ман бо содир намудани ҷинояте пушти панҷара рафт, ман бо маслиҳати хушдоманам ба муҳоҷират рафтам", - гуфт модари кӯдакон.

Ба гуфтаи ӯ, фарзандони худро танҳо ба хотири таъмин кардани онҳо бо хонаи зист тарк кард.

Аммо дар 1 солу чор моҳе, ки аз назди кӯдакони худ дур буд, тамоми маблағи коркардаи худро бо таҳдиди падари фарзандонаш ба ӯ ирсол мекард.

Ба нақли ӯ, ҳамсараш фарзандони кӯчаки худро мавриди латукӯб қарор медод ва ин лаҳзаҳоро навор бардошта ба вай мефиристод.

"Таҳдид мекард, то маблағ фиристам ва кӯдаконам беозор монанд".

Қаблан Диловар Сафаров бо хушдоман ва ду кӯдаки ин модар ҳамсӯҳбат шуда буд ва фарзандони ӯ ба такрор мегуфтанд, ки "додомон хуб аст ва моро намезанад".

Аммо модари кӯдакон бар ин назар аст, ки онҳоро тарсонданд ва аз тарси ҷони кӯчаки худ ҳама чизро рад мекарданд.

"Ман бармегардам ба назди кӯдаконам. Онҳо бо дидани ман қувват мегиранд ва тарс низ аз қалби онҳо дур мешавад. Он замон ҳама чизро ба ман такроран қисса мекунанд".

Номбурда ба тамоми мардуми Тоҷикистон барои бетараф набудани онҳо дар қиболи тақдири ду кӯдакаш изҳори миннатдорӣ намуд ва умед баст, ки дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон бармегарад ва ҳама чизро равшану возеҳ ба мардум мерасонад.

67
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

ВКД: Ноболиғи 17-сола ҳамсолашро бо се зарби корд кушт

141
(Таҷдидшуда 14:37 27.05.2020)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон ноболиғи 17 соларо дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар қатли як ноболиғи дигар гумонбар дониста мешавад, дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсия ноҳияи Рӯдакӣ сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкурро, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.

Ба иттилои манбаъ ҳодиса шаби 26-уми майи соли ҷорӣ, шабона тахминан соати 00:17-дақиқа рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, номбурда, дар назди манзили истиқоматиашон бо ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 3 -маротиба ба бадани номбурда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст”,-афзудааст манбаъ.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем кормандони милитсияи ноҳияи Варзоб ноболиғи 17 соларо дар, ки дар қатли як ноболиғи дигар гумонбар дониста мешуд, дастгир намуданд

141
Барчаспҳо:
қатл, ноболиғ, ВКД, Рӯдакӣ, Тоҷикистон