Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон

“Noble Group” ва “Deutsch Bank”-ро аз имтиёзҳои гумрукиву андозӣ хабардор карданд

885
(Таҷдидшуда 11:18 16.05.2019)
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух ба роҳбари минтақавии ширкати “Noble Group” ва намояндаи бонки “Deutsch Bank” -ро аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ маълумоти пурра пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik.Бино бар иттилои дафтари матбуотӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ахиран раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода бо намояндагони ширкатҳои сармоягузории байналмилалии хориҷӣ мулоқот кардааст.

Аз ҷумла Фарррух Ҳамрализода бо Луи Фел - директори минтақавии ширкати байналмилалии “Noble Group”, Алекс Махлер - роҳбари департаменти қарздиҳии бонки “Deutsch Bank” ва Винит Лахани - намояндаи ширкати байналмилалии “Noble Group” дидору гуфтугӯ кардааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, зимни мулоқот ба намояндагони ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ муаррифӣ шуд. 

Масъулини Кумита таъкид намудаанд, ки намояндагони ширкати байналмилалии “Noble Group” ва “Deutsch Bank” барои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Ёдрас мешавем, ки ширкати байналмилалии “Noble Group” яке аз ширкатҳои пешрафтаи таъминкунандаи маҳсулотҳои энергетикӣ, ашёи хоми саноатӣ дар минтақаи Осиё мебошад.

Ширкати мазкур давоми 12 сол аст, ки бо Ширкати Алюминийи Тоҷик “ТАЛКО” ҳамкорҳои иқтисодӣ дорад.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар фарҷоми мулоқот ба намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ маводҳои имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва фитта доир ба лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ тақдим карда шуд.

885
Барчаспҳо:
мулоқот, Фаррух Ҳамрализода, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумита, сармоягузорӣ, Тоҷикистон

Бонки миллӣ арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард

115
(Таҷдидшуда 09:18 22.01.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 22 - юми январ эълон кард

ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1527 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.7419 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1527 то 0.1550 сомонӣ муқаррар кардааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.7419 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1527 сомонӣ.

Зарар аз муҳоҷират то туризм: Тоҷикистон соли 2021 - ро чӣ гуна пешвоз мегирад

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

115
Барчаспҳо:
евро, рубл, сомонӣ, қурби асъор, Тоҷикистон
Снегопад в Душанбе

Барф бошиддат меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

437
(Таҷдидшуда 09:11 22.01.2021)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар пойтахти кишвар то - 4 дараҷа сард мешавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад.

Дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2 - 4 дараҷа сард мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15  дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона  20-35 ва рӯзона  4-9 дараҷа  хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар водиҳо борон ва барф  меборад. Дар ноҳияҳои боришоти бошиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук  ва рӯзона  6-11 дараҷа хунук  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо  бориши бошиддат ва пуршиддат ба ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон борида ба барф мубаддал мегардад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ва пуршиддат ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона ва рӯзона 0-5 ва дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук мешавад.

437
Барчаспҳо:
борон, барф ва сардӣ, сардӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото

Даъват шуданд: доварони футболи тоҷик ба Арабистони Саудӣ мераванд

2
Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни федератсияҳои футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Ҳайати доварон аз Тоҷикистон барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ оид ба футбол даъват шуданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни федератсияҳои футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд кард.

Доварони ФИФА Насрулло Кабиров (Норак) ва Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), инчунин ёварони доварони ФИФА Акмал Буриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), ки ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд, барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Дастпарвари футболи тоҷик сармураббии дастаи футболи “Олой”-и Қирғизистон шуд

Ҳайати ҳакамони зикршуда бозиҳои дивизиони якуми ин кишварро ҳакамӣ мекунанд. Дар лигаи якуми Арабистони Саудӣ, ки 20 даста баромад мекунад, айни замон 16 давр баргузор шуда, ҷадвали мусобиқаро бо 43 имтиёз дастаи «Ал-Хазм» ишғол менамояд.

2