Сироҷиддин Муҳриддин аз сафирони Арабистони Саудӣ ва Канада хостори тавсеаи ҳамкориҳо шуд

© МИД РТМулоқоти Муҳриддин ва сафири Канада дар Душанбе
Мулоқоти Муҳриддин ва сафири Канада дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон зимни мулоқот бо сафирони Арабистони Саудӣ ва Канада дар масоили байналмилаливу дохилӣ табодули афкор карданд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ахиран мулоқоти вазири хориҷаи Тоҷикистон бо сафирони Арабистони Саудӣ ва Канада баргузор шуд.

Зимни мулоқот бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро пиромуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.

© МИД РТМулоқоти Муҳриддин бо сафири Арабистони саудӣ
Сироҷиддин Муҳриддин аз сафирони Арабистони Саудӣ ва Канада хостори тавсеаи ҳамкориҳо шуд - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Муҳриддин бо сафири Арабистони саудӣ

Тавре манбаъ қайд намудааст, инчунин тарафҳо доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуда, ба зарурати тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо руҳи муносибатҳои мардумони ду кишвар созгор аст, таъкид карданд.

Дар ҳамин ҳол, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон  дар остонаи Конфронси  байналмилалии сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” бо Сафири Канада дар Тоҷикистон Николя Бруссо мулоқот анҷом дод.

“Тарафҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ  тиҷорат, маориф, фарҳанг ва мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0