Город Душанбе, архивное фото

Ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ дар Тоҷикистон 0,4 дарсад коҳиш ёфт

170
(Таҷдидшуда 14:21 18.05.2019)
Бино ба иттилоъи ожонси омори Тоҷикистон, ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 0,4 дарсад коҳиш ёфтааст

 ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ дар 4 моҳи гузашта дар Тоҷикистон беш аз 2,8 миллиард сомонӣ (408,6 миллион доллар) будааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.


Бино ба иттилоъи ожонси омори Тоҷикистон, ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 0,4 дарсад коҳиш ёфт.
Гуфта мешавад, ки аз ҳаҷми кулли хидматрасонӣ хидматрасонии пулакӣ ба мардум дар ҳамин давраи соли гузашта 2,1 дарсад, ё беш аз 3,5 миллиард сомонӣ (371,1 миллион доллар) буд.
Ҳаҷми хидматрасонӣ ба мардум дар Душанбе дар муқойиса бо миёнгини хидматрасонӣ дар кишвар 4,6 баробар бештар аст.

170
Барчаспҳо:
хизматрасонӣ, ифтитоҳи марказҳои хизматрасонӣ, Душанбе, Тоҷикистон