Фаврӣ: ВУД ҳодисаи нохуш дар гардиши фурудгоҳи Душанберо шарҳ дод

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузариш ба медиабонкРабота сотрудников пожарной службы, архивное фото
Работа сотрудников пожарной службы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои манбаъ, дар пайи сӯхтор дар гардиши фуругоҳ хисороти ҷониву молӣ ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи нохуши шоми 18 май дар наздикии фурудгоҳи Душанберо шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, соати 18:50-дақиқа дар гардиши фурудгоҳ, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе сӯхтор ба вуқӯъ омад.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи санҷиши пешакӣ маълум гардид, ки бинобар сабаби боришоти зиёди борон дар кабелҳои барқии зеризаминӣ расиши кӯтоҳ ба амал омада, дар чоҳои амудӣ (калодец) гази магистралӣ, сӯхтор ба амал омадааст. 

Айни замон сӯхтор пурра хомӯш карда шуда, бинои истиқоматӣ ва шаҳрвандон зарар надидаанд.

Аммо корбарони Фейсбук хабар додаанд, ки дар пайи ҳодиса чанд сокин ҷароҳати сабук бардоштаанд. Онҳо дар сари роҳ интизори нақлиёт будаанд.

Гуфта мешавад, ҷароҳатбардоштагонро ба бемористон интиқол додаанд.

Лентаи хабарҳо
0