Персональный компьютер, архивное фото

Дастури ноиби Сарвазир: мутахассисону сармоягузоронро тариқи “Равзанаи ягона” ҷалб намоед

203
(Таҷдидшуда 13:49 20.05.2019)
Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон зимни машварати корӣ дар шаҳри Ҳисоб ба масъулини шаҳр дастур додааст, ки ҷалби мутхассисону сармоягузорон бояд тариқи “Равзанаи ягона” дар маҳал ба роҳ монда шавад

ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор  Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон   бо масъулини шаҳр машварати корӣ баргузор намуд, ки дар он масъалаи  рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, ки  бахшида ба  таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон  дар шаҳр бунёд мешаванд,  мавриди баррасӣ гардид.

Тавре манбаъ хабар додааст, муовини сарвазир зимни машварати корӣ  зикр намудааст, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон  дар шаҳри Ҳисор бунёди 613 иншооти таъйиноти  гуногун  ба нақша гирифта шудааст.

Азим Иброҳим ба масъулин дар бораи муайян намудани қитъаи замин, ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, тарҳи бино, иҷрои корҳои сохтмонӣ ва ҷалби мутхассисону сармоягузорон, ки  бояд тариқи “Равзанаи ягона” дар маҳал  ба сурат бигирад, дастур додааст.

Инчунин дар машварат қайд карда шуд, ки рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимию  тиббӣ, бунёди инфрасохтор дар маҳаллаҳои навбунёд-муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, зеристгоҳи барқӣ, симчӯб, ноқил, роҳ ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ  зери назорати доимӣ қарор бигирад.

“Ҳамзамон дар машварати корӣ  масъалаҳои марбут ба ободонии маҳаллаю шаҳракҳо, хусусан  дар самти мусоидат дар ивазкунии симчӯбҳои фарсуда, таъмири роҳҳо,  таъмиру тармим, рангуборкунии биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо, бо мақсади таъмини ҳолати санитарию  тозагии доимии маҳал ташкили нуқтаҳои партов дар деҳаву дигар  марказҳои аҳолинишин, сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ ва  фароғатӣ дар назди биноҳои баландошёна, ба танзим овардани растаҳои бозори марказӣ, таъмини ҳолати санитарӣ ва идомаи корҳои сохтмонӣ дар бозори мазкур  матраҳ гардиданд”, - хабар додааст манбаъ.

 

203
Барчаспҳо:
Азим Иброҳим, дастур, машварати корӣ, Ҳисор, муовини сарвазир, Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

12
(Таҷдидшуда 22:50 08.08.2020)
Рӯзи нӯҳуми август аз Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ ҷашн грифта мешавад. Ҳамчунин дар Амрико аз Рӯзи ҳифзи ҷангал қайд мекунанд

Рӯзи 9 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1893  Бонки миллии  Италия таъсис дода шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия  6 ҳазор  нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.

Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Япония бомбаи атомӣ партофта шуд.

Соли 1992 дар  Барселона маросими пӯшидашавии бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, ки аз соли 1950 тахтнишин буд, дидор ва мулоқот намуданд.

Соли 2008 масоили гуногунҷанбаи  Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2007  дар шаҳри Душанбе шабакаи нави радиошунавонии FM «Имрӯз» ба пахши барномаҳо шурӯъ намуд

Соли 2008 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд.

Соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон  маркази Минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони "Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт" баргузор гардид

Ҷашнҳои рӯзи 9 август

Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ.

Рӯзи ҷумҳурӣ дар Сингапур.

Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.

Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1945 – кинорежиссер Валерий Аҳадов.

Соли 1949 –ҳунарманд ва режиссер Юнус Юсуфов.

Соли 1974 – журналист Анора Саркорова.

12
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Жээнбеков: дар ҳар як мулоқот бо Раҳмон мо масъалаи сарҳадро муҳокима мекунем

102
Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар як мусоҳиба мавзӯи коронавирус ва вазъи сарҳадиро бо Тоҷикистон матраҳ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Дар ҳоли ҳозир корҳо барои мушаххас кардани сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон идома доранд, гуфт п резиденти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар мусоҳиба бо радиои "Биринчи Радио".

Президент қайд кард, ки вақте кор беҳтар шуд, музокирот пас аз паҳншавии коронавирус қатъ карда шуд, аммо ба ҳар ҳол, мулоқотҳо оид ба ин масъала, хусусан дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, идома доранд.

"Дар ҳама ҷое ки мо бо ҳамтои тоҷикам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекардем, мо ҳамеша масоили сарҳадро баррасӣ мекунем. Ислоҳотҳо ҳастанд, аммо мушкил тавре ки ман қаблан зикр кардаам, ҳалли худро наёфтааст. Аммо, миёни ду кишвар ҳусни тафоҳум вуҷуд дорад" гуфт Жээнбеков.

Коронавирус ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонд

Сарвари Қирғизистон қайд кард, ки баъзан шиддат дар масъалаҳои марзӣ бо мушкилоти ҳамарӯза афзоиш меёбад, аз ин рӯ мақомоти маҳаллӣ бо мардум зич ҳамкорӣ мекунанд.

Жээнбеков: вазъ дар марз бо Тоҷикистон то ҳол мушкил мемонад

Жээнбеков илова кард, ки ин мавзӯъро яктарафа ҳал кардан мумкин нест. Вай изҳори итминон кард, ки мавзӯи баҳсбарангез тавассути гуфтугӯ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

102
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, музокирот, сарҳад, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон, Тоҷикистон