Детские туфли в воде, архивное фото

“Очаҷон мана об ба напарто”: худкушии зан бо ду фарзандаш баъди суҳбати телефонӣ бо шавҳар

3230
(Таҷдидшуда 16:19 20.05.2019)
Дар ҳоли ҳозир ҷасади писарчаи се моҳа пас аз ҷустуҷӯҳои дурӯза дар мавзеъи Қумоқ пайдо шудааст

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik.  Зане бо номи Хуршеда баъд аз суҳбати телефонӣ бо шавҳараш худ ва фарзандони ноболиғашро ба дарёи Зарафшон андохтааст, иттилоъ додааст хабаргузории tajikistantimes.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷасади писарчаи 3- моҳаи Хуршеда-Мансурро пас аз ҷустуҷӯҳои дурӯза дар мавзеъи қумоқ пайдо карданд. Вале ҷасади духтарчааш Миноро то ба ҳанӯз пайдо накардаанд.

Хабаргузорӣ дар истинод ба шахсони огоҳ аз қазияи Хуршеда навиштааст, ки пеш аз он, ки Хуршеда худро ба дарё андозад, бо шавҳараш Ҳасан тариқи Имо сӯҳбат карда гуфтааст, ки худро бо фарзандонаш ба об мепартояд.

“Ҳангоми сӯҳбат падар бо садои гиряолуд зора кардани духтарчаашро, ки хоҳиш мекардааст, “Очаҷон мана об ба напарто” шунида, зуд ба модараш занг мезанад то онҳоро аз лаби дарёи Зарафшон гирад, аммо модари Ҳасан он вақт дар Марғедар набудааст. Вақте наздикон аз ин қазия хабар ёфта, ба ҷустуҷӯӣ Хуршедаву тифлаконаш мебароянд аллакай дер шуда буд”, - навиштааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир, Прокуратураи шаҳри Панҷакент нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда тафтишотро идома дорад.

3230
Барчаспҳо:
ноболиғ, фуруши кудаки навзод, Зарафшон, дарё, худкушӣ, Суғд, Тоҷикистон