Список лиц, причастных к терроризму

Рӯйхати пурраи кушташудаҳо дар зиндони “Кирпичний”: кӣ, аз куҷо бо чӣ ҷурм?

7268
(Таҷдидшуда 17:22 20.05.2019)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯйхати маҳбусони кушташуда дар маҳбаси маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдатро нашр кард

ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Тибқи рӯйхати нашркардаи ВУД Тоҷикистон, маҳбусон аз 21 то 69-сола буда, 17 нафарашон барои узвият дар “ДОИШ” маҳкум гардидаанд.

Се нафари онҳо узви Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, 2 узви созмони Ҳаракати исломии Туркистон ва се нафари дигар узви созмони террористии “Ансоруллоҳ” мебошанд, ки барои солҳои гуногун – аз 6 то 30 соли зиндон маҳкум шудаанд. Миёни онҳо инчунин маҳкумшуда барои қочоқи маводи мухаддир ном бурда шудаст.

Пайванд ба рӯйхати комил

Ҷавонтарини кушташудаҳо Беҳрӯз Гулмуроди 21-сола аст, ки мақомот ӯро аз саркардаҳои ошӯб ном бурданд. Беҳрӯз Гулмурод, писари  Гулмурод Ҳалимов, полковники пайваста ба созмони террористии “ДОИШ” мебошад, ки соли 2017 барои узвият дар ин созмони террористӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Куҳансолтаринашон Сатторов Саидмаҳдихон, мулаққаб ба "Шайх Темур"-и 69-сола аст, ки соли 2015-ум ба 16 соли зиндон маҳкум гардида буд. 

ВУД дар феҳрасти маҳбусони кушташуда - Абдуқодир Асоев соли таваллудаш 1992, Ахмедов Эраҷ-1996, Беҳрӯзи Гулмурод – 1998, Боев Ҷомаҳмад-1987, Бухариев Азам-1980, Ғоибов Раҳмоналӣ – 1994, Фахриддин Гулов-1993, Зарипов Зариф-1968, Исоқов Ҳомид-1978, Кабиров Илҳом-1985, Казаков Саъдулло-1990, Каримов Саттор-1959, Қодиров Пайрав-1995, Суҳроб Қосимов-1995, Маханов Алламурод-1984, Мусулмонов Қурбоналӣ-1991, Насриддинов Раҷабалӣ-1995, Одинаев Сулаймоншо-1989, Саид Қиёмиддин Ғозӣ – 1952, Сатторов Алимбек-1958, Сатторов Саидмаҳдихон-1950, Узаков Азиз-1986, Ҳаитов Алишер-1988, Ҳасанов Руҳулло-1997, Ҳошимов Акмал-1986, Хушқадамов Ҳамза-1992, Чомадов Нурхон – 1991, Шарипов Зафар, соли таваллудаш 1967 ва Шарипов Маҳмадуллоро ном бурдааст. 

Дар ошӯби шоми 19 май дар зиндони “Кирпичний” 32 нафар, аз ҷумла 3 зиндонбон кушта шуданд. Мақомот бо нашри як иттилоия ҷузъиёт, саркардаҳо ва қурбониҳои ин ошӯбро ном бурданд.

7268