Встреча Шукурджона Зухурова и Вечяслава Володина на полях заседания Совета ПА ОДКБ

Зуҳуров ва Володин тасмим гирифтанд ҳамкориҳои байнипарлумониро густариш диҳанд

95
Масъалаи рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин,баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik.  Ахиран дар доираи ҷаласаи  сайёри  Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир шуд, мулоқоти роҳбарони парлумони Тоҷикистону Русия баргузор шуд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро муҳокима карданд.

Встреча Шукурджона Зухурова и Вечяслава Володина на полях заседания Совета ПА ОДКБ
Встреча Шукурджона Зухурова и Вечяслава Володина на полях заседания Совета ПА ОДКБ

Тавре манбаъ қайд намудааст, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров самтҳои асосии фаъолияти афзалиятноки Тоҷикистонро дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, махсусан  вазъи мушкили амниятии вақтро дар  ҷаҳон  таъкид намуд.

“Шохаҳои нави фаъолшавии хатарҳо, аз ҷумла густариши терроризм, тарғиби экстремизм (ифротагроӣ)-и исломӣ ва хушунат, ба таври зӯроварона  истифода намудани шабакаҳои Интернет бо мақсади ифротӣ кардани андешаи аҳолӣ ва ҷалби ҳаммаслакон дар назди СПАД  вазифаҳои иловагии мушаххасро мегузорад. Бо назардошти ин, баргузории ҷаласаи навбатии   Шӯро, ҷаласаи умумии  бистуми Ассамблеяи парлумонии СПАД бо иштироки ҳайати нозир дар соли 2020  дар Тоҷикистон, вобаста ба вазъи кунунии Афғонистон саривақтӣ мешуморам”,-гуфт Зуҳуров.

Дар навбати худ, раиси Думаи давлатии Русия зикр намуд, ки парлумонҳо бавуҷудоварандагони фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ барои тақвияти ҳамкорӣ мебошанд.

“Аз ин хотир,  бояд талош кунем, ки ин ҳамкорӣ  беш аз пеш густариш ёбад, зеро ҳар қадами устувор дар рушди муносиботи тарафайн дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ аз кӯшишҳои парлумонҳои ҳарду  давлат вобастагии амиқ дорад”,- таъкид дошт Володин.

95