Ҳабси ронанда барои танбашавӣ ва ҷанҷол бо ронандаи троллейбус

© Sputnik / Игорь ЛекаркинПассажиры заходят в троллейбус на проспекте Рудаки. Архивное фото
Пассажиры заходят в троллейбус на проспекте Рудаки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баҳодур Яҳёев, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, барои таваққуфи нодурусти мошин дар назди бозори “Султони Кабир”, ки боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт гардид, муҷозот шуд

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik.  Баҳодур Яҳёев, ронандаи автомашинаи Mercedes-Benz барои майдаавбошӣ ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Раёсати ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, шахси номбаршуда назди бозори “Султони Кабир” автомашинаи худро нодуруст манъ карда, ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт роҳ додааст.

© МВД РТМВД Душанбе наказали водителя Мерседес-Бенс за препятствование движению троллейбуса
Ҳабси ронанда барои танбашавӣ ва ҷанҷол бо ронандаи троллейбус - Sputnik Тоҷикистон
МВД Душанбе наказали водителя Мерседес-Бенс за препятствование движению троллейбуса

“Баҳодур Яҳёев, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс” рақами қайди давлатиаш 1221 ОА 01  ба эроди дигар ронандагони воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ронандаи тролейбуси мусофиркаши хатсайри №4 Хушбахт Раҳимов доир ба кушодани пеши роҳ беэътиноӣ зоҳир намуда, бар замми ин ӯро дашномҳои қабеҳ ва шаъну шарафашро дар назди дигар шаҳрвандон паст зада, ҳамзамон бо ӯ даст ба гиребон шудааст”, таъкид намудааст манбаъ.

Тавре манбаъ қайд намудааст, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия Баҳодур Яҳёев, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” дар ҷои ҳодиса барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир гардида, нисбаташ парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардид.

На дороге в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Биё, то манзилат мебарам: дар Душанбе ронанда мусофирро лату кӯб ва ғорат кард

Суди ноҳияи Фирдавсии пйоатх санаи 20 май Баҳодур Яҳёевро ба ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 рӯз маҳкум кард.

Инчунин манюаъ зикр намудааст, ки яке аз масъалаҳое, ки имрӯз қобили ташвиш аст, ин аз ҷониби баъзе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти шахсӣ, таваққуфи нодуруст ё дар қатори дуюму сеюм манъ кардани автомашина мебошад, ки бар замми ба вуҷуд овардани тамбашавии сунъии автомашинаҳо ҳамзамон ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ халал ворид месозанд.

Лентаи хабарҳо
0