Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон: САҲА бояд барои таъмини амният қарорҳои муҳим қабул кунад

183
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷӣ ва аврупоии Словакия Мирослав Лайчак мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Имрӯз дар Қасри миллат раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия, Раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Мирослав Лайчакро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Словакия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ хусусан дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, илму маориф тандурустӣ ва варзишу сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

"Сарвари давлат дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин аз ҳавасмандии Тоҷикистон барои рушду тавсеаи муносибатҳои шарикӣ бо Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ёдовар шуда, таъкид намуд, ки имрӯз бояд ин созмон барои таъмини амнияту субот қарорҳои муҳим қабул намуда, тадбирҳои бетаъхир андешад", - менависад манбаъ.

Баргузории конференсияи сатҳи баланд дар масъалаи терроризм ва манбаҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил дар шаҳри Душанбе аз тадбирҳои муҳими байналмилалӣ дар мубориза ба ин вабои аср арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои ин конференсия дар оянда барои таъмини амнияту суббот дар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА дар самтҳои асосӣ аз ҷумла ҳарбӣ-сиёсӣ ва иқтисодию экологӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд ва ин раванд дар оянда низ идома дода мешавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамаи давлатҳои ҷаҳон дар мубориза ба терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилу фаромилӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, барои ҳалли мушкилоти имрӯзи сайёра аз сиёсати «меъёрҳои дугона» кор намегиранд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.

183
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Ҷаласаи Ҳукумат: аз коронавирус то омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд

190
(Таҷдидшуда 21:05 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Ҳукумат, масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ, чораҳои санитарӣ - гигиенӣ алайҳи коронавирус ва омодагӣ ба зимистони солҳои 2020-2021-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард.

Раисиҷумҳур ба Ҳукумати кишвар, мақомоти шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш додаст, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд, таъкид кард котиботи раисиҷумҳур.

"Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш гирифтаанд, ки дар бораи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас додаст.

190
Барчаспҳо:
зимистон, Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Команда Истиклол

Марҳилаи аввали лигаи олӣ бо пирӯзии “Истиқлол” анҷом ёфт

40
Марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии клуби "Истиқлол"-и Душанбе анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи аввал рӯзҳои истироҳати гузашта баргузор шуданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 11 июл "Регар-ТадАЗ" дар майдони худ бо тими "Хатлон" бозиро мусовӣ 1:1анҷом дод.

Нимҳимоятгари "Хатлон" Эҳсон Бобоев дар дақиқаи 83-юм ҳисобро кушод, вале бохтариҳо натавонистанд бо пирӯзӣ бозиро анҷом диҳанд. Қабл аз садои ҳуштаки довар футболбозони Турсунзода тавассути голи Нозим Бобоҷонов тавонистанд аз бохт наҷот ёбанд.

Дастаи "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ бар тими "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ин аввалин бозии дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳнамоии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев буд.

Баҳси бозии "Истиқлол"-у "Хуҷанд" ва муроҷиат ба Рустам: доварон обрӯи футболро мерезонанд

Ба голи задаи бозингари "Файзканд”"Наврӯз Рӯстамов, футболбозони "Куктош" бо се голи Бунёд Шодиев, Аббос Икромов ва Муҳсин Абдуғаффоров ҷавоб доданд.

Дар бозии дигар КМВА дар сафар тими "Истаравшан"-ро мағлуб намуд – 2:1. Ҳар ду голи тими артишро Шервонӣ Мабатшоев зад. Дар ҳайати дастаи Истаравшан Илҳом Баротов голро ба номаш сабт кард.
Ду бозии дигари даври нуҳум рӯзи 12 июл доир гардид. "Хуҷанд" бар дастаи "Душанбе-83" ва "Истиқлол" бар тими "Локомотив-Помир" бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд.

Бидуни бохт: “Истиқлол” “Хуҷанд”-ро дар даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон шикаст дод

Голи дастаи Хуҷандро Фирдавс Чақалов ва голи тими Душанберо Рустам Соиров ба номашон сабт карданд.
Ҳамин тариқ, марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон ба анҷом расид. Дастаҳо ба танаффуси дуҳафтаина рафтанд ва имкон доранд бозингарони навро ҷалб намоянд.

Дар ҷадвали чемпионат "Истиқлол" бо 25 хол пешсафи ягона аст. Дар ҷои дуюм "Хуҷанд" бо 19 хол, дар ҷои сеюм "Хатлон" бо 18 хол мавқеъ гирифтаанд.

40
Барчаспҳо:
пирӯз, "Истиқлол", футбол