Близ Душанбе сель смывает улицы и топит дома

Ҳушдори обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон боронҳои бошиддату омадани сел пешгӯӣ мешавад

761
(Таҷдидшуда 15:06 22.05.2019)
Аз 23 то 25 май дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор шуда, эҳтимолияти боридани боронҳои бошиддат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон 23-24 май бо истиснои ВМКБ  дар баъзе ноҳияҳо, борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани  жола низ дар назар дошта шудааст. Бо сабаби шиддатнокии шамол дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба вуҷуд омадани чангу ғубор пешгўӣ мешавад.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар ин шабу рӯз ҳарорат низ паст шуда, ҳаво дар водиҳо шабона  10 — 15 дараҷа гарм мешавад.

24-25 май дар ноҳияҳои кўҳӣ ва доманакўҳии вилояти Хатлон, ғарби ВМКБ ва вилояти Суғд эҳтимолияти бавуҷудоии зуҳуроти сел дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, Ожонсӣ ҳушдор додааст, ки бар  асари боришоти зиёд баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мешавад.

761
Барчаспҳо:
борон, боронгарӣ, ВМКБ, селоба, сел, обу ҳаво, Тоҷикистон
Хаким Фузайлов. Архивное фото

Ҳаким Фузайлов сармураббии нави "Хуҷанд" таъйин шуд

30
(Таҷдидшуда 09:21 13.07.2020)
Ҳаким Фузайлов, собиқ футбобози машҳур ва мураббии шинохтаи кишвар, сармураббии тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии бошгоҳ, Ҳаким Фузайлов, собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон  то охири мавсим “Хуҷанд”-ро тамрин хоҳад дод.

Ба иттилои манбаъ, Никол Лазаревич, ки дар аввали сол сармураббии даста таъйин шуда буд, бинобар бастани сарҳадҳои байни кишварҳо бар асари пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ба даста кӯмак карда наметавонад.

Манбаъ мегӯяд, Ҳоло Лазаревич дар зодгоҳаш Сербия қарор дорад.

“Мо маҷбур шудем, ки бо сабаби вазъияти ҷаҳонӣ ва алахусус дар тим баамаломада, сари мизи гуфтушунид нишинем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои пурсамар бо ҳайати мураббиёни кунунӣ ва роҳбарияти клуб, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки даста сармураббии ниёз дорад. Мутаассифона, Никола Лазаревич дар Сербистон аст ва имкони ҳамроҳ шудан ба дастаро бо сабабҳои, ба ҳама маълум, надорад. Мо бо Ҳаким Каюмович ба мувофиқа расидем, ки ӯ дастаро ба мусобиқаҳои дар пешистодаи ватанӣ ва байналмилалӣ омода мекунад ва мӯҳлати шартнома то охири сол эътибор дорад”-гуфт Муроҷон Умаров, директори иҷроияи Хуҷанд.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Ӯ ҳамчунин тими миллииТоҷикистон, дасҳои “Истиқлол”, “Куктош” –ро тамрин дода ахиран  аввали моҳи июл ӯ вазифаи сармураббии бошгоҳт “Каганат”-и Қирғизистонро тарк кард.

30
Сомони и доллары, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

61
(Таҷдидшуда 08:27 13.07.2020)
Қурби доллар чи дар бозори ҷаҳон ва чи дар бозори асъори Тоҷикистон боло ва қурби рубл бошад, рӯз то рӯз паст мешавад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз дар оғози ҳафтаи навин арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1442 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3097 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6386 то 12. 0500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1490 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1450 то 0,1500 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бо доллар кор мекунӣ, муҷозот мешавӣ: додгоҳ раиси ширкати “Тоҷикояндасоз”-ро ҷарима кард

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

61
Барчаспҳо:
евро, доллар, сомонӣ, рубл, арзиши асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон