Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото

Муовини сарвазир ҷараёни иҷрои корҳоро дар Душанбе нокифоя баҳогузорӣ кард

250
(Таҷдидшуда 10:57 23.05.2019)
Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон, зимни ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ доир ба пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Душанбе аз муовинони раиси шаҳри Душанбе, сарпарастони ноҳияҳои шаҳр ва раисони ноҳияҳои он талаб намуд, ки суръати иҷрои корҳо ва сифати онҳоро баланд бардоранд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik.  Ахиран дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ додааст хабаргузории "Ховар" дар истинод ба дафтари матбуоти Ҳукумати кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти ҷаласа ҳисоботи раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раиси кумитаи замини шаҳр ва сармеъмори шаҳри Душанбе доир ба корҳои анҷомдодашуда пешниҳод гашт.

Зимни ҷаласа зикр гардид, ки  то  1 майи соли равон аз 4095 адад чорабиниҳои ба нақшагирифташуда 504 адади онҳо иҷро гардиданд, ки ин 12,3%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Корҳои бунёдкориву созандагӣ фарогири самтҳои ташкили инфрасохтори иҷтимоӣ, сохтмони мактаб, бунёди кӯдакистон, сохтмони биноҳои баландошёна, марказҳои ташхисию табобатӣ, хизматрасонӣ, сохтмони роҳҳои пиёдагарду автомобилгард, таъсиси корхонаҳои хурду миёна, таъмиру рангу бори биноҳо ва азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ дар шаҳри Душанбе мебошанд.

Муовини Сарвазир зимни ҷаласа таъкид намудааст, ки ҳангоми муҳокимаи барномаҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъкид дошт, ки новобаста аз  тадбирҳои муайяни андешидашуда  иҷрои корҳо вусъати тозаро талаб  мекунанд.  

“Аз ин рӯ, муовини Сарвазир ҷараёни иҷрои корҳоро нокифоя баҳогузорӣ намуда, аз муовинони раиси шаҳри Душанбе, сарпарастони ноҳияҳои шаҳр ва раисони ноҳияҳои он талаб намуд, ки  суръати иҷрои корҳо  ва сифати  онҳоро баланд бардоранд. Аз ҷумла, сухан дар бораи ташкили корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаи саноатии “Зебунисо” меравад”, - қайд намудааст манбаъ.

Тибқи маълумоти муовини сарвазир аз 10 корхонаи бунёдшавандаи саноатӣ дар 8 тояш корҳо бо маром идома доранд,  як корхона  табдили самти истеҳсолот намудааст ва дар як корхонаи дигар  корҳо ҳанӯз оғоз нагардидаанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки муовини  сарвазир ба раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе супориш дод, ки бо соҳибкорон ҳамкориҳоро вусъат бахшанд ва ҷараёни иҷрои корҳои бунёдкории онҳоро мавриди дастгирии доимӣ қарор диҳанд.

“Дар ин раванд афзалияти нисбӣ бояд ба соҳибкороне дода шавад, ки тасмими онҳо ташкили корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони пойтахт мебошад”,- гуфт ӯ.

Тибқи маълумоти масъулини шаҳр, бисёр аз соҳибкорон бо ташаббусҳои нав барои саҳмгузорӣ дар корҳои бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуда истодаанд.

 Вобаста ба ин ба масъулини ноҳияҳои шаҳр супориш дода шуд, ки маҷмӯи лоиҳаҳои созандагиву бунёдкориро аз санҷиш гузаронанд. Дар баробари ин рӯйхати ташаббусҳои навро дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳр омода намуда, барои илова кардан ба нақшаи чорабиниҳо тибқи талаботи нақшаи генералии шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

“Ташаббусҳои соҳибкорон бояд дастгирӣ ёбанд ва ҳеҷ яки онҳо набояд аз мадди назар дур монанд”,-қайд намудааст Азим Иброҳим муовини Сарвазир.

250
Барчаспҳо:
раиси шаҳри Душанбе, шаҳри Душанбе, Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳр, истиқлолият, Азим Иброҳим, Душанбе, Тоҷикистон