Финики, архивное фото

Маркази имдоди шоҳи Салмон ба Тоҷикистон 50 тонна хурмо тақдим кард

628
(Таҷдидшуда 13:28 23.05.2019)
Намояндагони маркази имдоди шоҳи Салмони Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар як маросими ботантана ба мақомоти кишвар 50 тонна хурмо супориданд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik.  Маркази имдод ва умури башардӯстонаи шоҳи Арабистони Саудӣ хурмоҳоро ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ироа кардааст.

Маросими супоридани хурмоҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон дар сафорати Арабистони Саудӣ баргузор шуд.  Дар маросими супоридани хурмоҳо Абдулазиз ибн Муҳаммад ал-Бодӣ, намояндагони  Маркази имдоди Арабистони Саудӣ ва масъулини Ожонси давлатии захираҳои молии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ таъкид намудааст, ки тақдими 50 тонна хурмо, ин  як барномаи солонаи Маркази имдод ва кумакҳои башардустонаи Шоҳ Салмон аст.

Имсол маркази мазкур 6500 тонна хурморо ба кишварҳои мухталиф, аз ҷумла 4000 тоннаи он тавассути Барномаи ҷаҳонии ғизо ба 14 кишвар ва 2500 тонна ба 29 давлати дигар бевосита тавзеъ шудааст, ки аз он 50 тоннааш барои хонаводаҳои ниёзманди Тоҷикистон эъто шудааст.

Инчунин, пештар Маркази имдоди шоҳи Салмон пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон 10 ҳазор сабади истеъмолӣ иборат аз орду равғану дигар маводди озуқа ба ниёзмандони Тоҷикистон пешкаш намудааст, ки тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тақсим гардидааст.

628
Барчаспҳо:
тақдим, Арабистони Саудӣ, 50 тонна хурмо, хурмо, Тоҷикистон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Дар Рашт домуллое, ки ба мардуми 4 ҷамоат хизмат мекард даргузашт

34
Домулло Пирмуҳаммади Қаландакӣ дар масҷиди ҷомеъӣ шаҳри Навобод имомхатиб буда, ба мардуми 4 ҷамоат хизмат намуда буд

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Даргузашти домулло Пирмуҳаммади Қаландакӣ дар водии Раштро  Фарҳод Худоёров сокини раштзамин дар сафҳаи худ дар Фейсбук нашр намудааст.

Ба навиштаи ин корбар, домуло Пирмуҳаммади Қаландакӣ 87 - сол умр дошта аз маризии қалб ранҷ мекашидаст. Иллати марги домулло низ аз тапидан бозмондани қалбаш арзёбӣ мешавад.

Шифои муллои шинохтаи Тоҷикистон аз коронавирус-акс

Домулло Пирмуҳаммади Қаландакӣ солҳои тӯлонӣ имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳраки Навобод буда ба мардуми 4 ҷамоат хизмати шоиста дар соҳаи дини мубини Ислом намудааст.

34
Барчаспҳо:
даргузашт, имомхатиб, Рашт
Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото

“Ҳамлаи мусаллаҳона ба говҳо”: ҳодисаи дигаре дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

545
(Таҷдидшуда 18:19 06.06.2020)
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чандин говро бо корд захмӣ карда, пойҳои чандеро ҳам батамом шикастаанд

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳодиса ду рӯз пеш - 4 июн дар мавзеьи Пули Офтобрӯяи мутааллиқи деҳаи Ворух, наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттифоқ афтодааст.

“Ба қавли соҳибони говҳо, марзбонони қирғиз 9 сар моли калони шохдорро бо кордҳои махсуси низомӣ захмӣ кардаанд. Пойҳои чанд говро аз ду ҷой ва чанди дигарро аз 4 ҷой бо корд буридаанд, ки то расидани ба деҳа аз ин ҷароҳатҳо хуни зиёд рафтааст. Бо ин ҳам қаноат карда, ин афрод чор пои ду говро шикастаанд”, - гуфт Иқбол Тешаев.

Ин дуввумин ҳодисаест, ки тайи як ҳафтаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттифоқ меафтад.

Субҳи 2 июни соли 2020 расонаҳои Қирғизистон аз як типарронӣ дар маҳаллаи Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон, ки бо деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст, иттилоъ пахш карданд.

Бино ба ин иттилоъ, шахсони номаълум як шаҳрванди Қирғизистонро аз қаламрави Тоҷикистон ҳадафи 11 тири туфанги шикорӣ қарор додаанд.

Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.
© Фото / пресс-служба правительства / Алишер Алиев

Ҷониби Тоҷикистон гуфт, ки ҳамчунин тирандозӣ сурат нагирифта, онро касе ҳам нашунидааст ва дар деҳаҳои марзии Тоҷикистон дар қиёс бо Қирғизистон ҳеҷ кас ҳеҷ гуна силоҳ надорад. 24 май боз дар мавзеьи Пули Офтобрӯяи деҳаи Ворух дар пайи тирандозӣ миёни марзбонони ду кишвар сарбози 19 - солаи тоҷик Давлатёр Зоиров захмӣ шуд.

Пас аз он 28 май Шукрона Шарофоваи, зани 25 – сола, сокини ҷамоати Чоркуҳи Исфара аз тири туфанги шикории Соат Бахтибеков, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи Бодканд захмӣ гардид.

Сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара ин ҳамаро тавтиаҳои мақомоти Қирғизистон унвон мекунад.

“Онҳо ба ҳар васила мехоҳанд, ки як ҷанҷолеро ба вуҷуд оварда, пойи ду кишварро ба ихтилоф кашонанд ва аз ин ҳисоб замин ғасб намоянд. Ҳатто ба ҳайвоноти хонагӣ ҳам раҳм надоранд. Мо ҳадс мезанем, ки пушти ин ҳама чӣ гап асту кист”, - гуфт Иқбол Тешаев.

Ихтилофҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои 70 – 80 – и асри гузашта идома дорад. Ду кишвар дар ҳоли ҳозир комиссияеро барои таъйин ва аломатгузории марзҳо эъзом кардаанд.

545