Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 30 августи соли 2018

Супориши Эмомалӣ Раҳмон барои санҷиши масъулини зиндонҳо ва барканориҳо

4284
(Таҷдидшуда 10:40 26.05.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои санҷиши масъулини зиндонҳои кишвар супориш дода, ба гуфтаи ноиби аввали вазири адлия дар ин бахш барканорсозиҳо дар назар аст

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Абдуманон Холиқзода, муовини якуми вазири адлияи Тоҷикистон ҳафтаи равон дар парлумон гуфт, дар назар аст, бархе аз масъулини зиндонҳо бинобар ҷой доштани камбудиҳо аз мақом барканор шаванд.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумони Тоҷикистон зимни ҷаласа , ки баъди ошӯб дар зиндони маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, аз ноиби аввали вазири адлия дар бораи камбудиҳо, аз ҷумла истифодаи нашъа дар маҳбасҳои кишвар суол кард.

Ғаффоров гуфт, воситаҳои нашъадор аз ҷониби маҳбусон дар зиндонҳои кишвар зиёд истифода мешавад ва суол кард, ки он бо кадом роҳ дастраси маҳбусон мешавад.

Холиқзода тасдиқ кард, ки воқеан ин гуна ҳолатҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ дида мешаванд ва роҳбарияти Вазорат ва инчунин идораи зиндонҳо, ки нав шуд барои ҷилавгирии он чораандешӣ карда истодаанд.

Ноиби вазири адлия инчунин иттилоъ дод, ки бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон санҷиши масъулини зиндонҳо гузаронда шуда, дар назар аст, барканориҳо сурат гиранд.

“Дар асоси он як қатор кормандону хизматчиён, бинобар сатҳи пасти дониш ва дар фаъолияташон ҷой доштани камбудиҳо, аз кор ва хизмат озод карда мешаванд”, - изҳор дошт Холиқзода.

Дастур барои санҷишҳо дар ҳолест, ки тайи 7 моҳи охир дар зиндонҳои Тоҷикистон ду ошӯби хунин рух дод, ки даҳҳо кушта барҷой гузоштанд.

4284
Барчаспҳо:
барканорӣ аз мақом, санҷиш, масъулин, зиндон, Тоҷикистон