Шаҳрвандии Русия боиси ҷудошавии 124 оила дар вилояти Хатлон шудааст

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкПаспотр РФ, архивное фото
Паспотр РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро хабар додааст, ки дар соли равон 124 оила барои гирифтани шаҳрванди талоқ гирифтанд

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik.  Дар вилояти Хатлон дар зарфи 4 моҳи соли равон 124 оила ақди никоҳи худашонро бо далели ба даст овардани шаҳрвандии Русия бекор карданд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон.

Манбаъ қайд намудааст, ки раванди мазкур кормандони Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро нигарон кардааст.

Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тарси муҳоҷири тоҷик аз воқеъ шудани талоқ : "нияти ман тарсонидани ҳамсарам буд"

Сардори Раёсати мазкур Сафарзода Зиннатгул зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки зимни вохуриҳои худ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳашт  оилае, ки бо ваколатнома ақди никоҳи худро бекор карда буданд, суҳбат кардааст ва онҳо иқрор шудаанд, ки онҳо барои гирифтани шаҳвандии Русия ақди никоҳашонро бекор кардаанд.

“Давоми соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 957 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки аз он 124 оила барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба ин кор даст задаанд”, - таъкид намудааст Сафарзода Зиннатгул.

Вай таъкид намудааст, ки маҳз ҳамин омил боис шудааст, ки ҷудошавии оилаҳо дар вилоят афзудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0