Туристы в горах

Мақоми аввали Тоҷикистон аз рӯи афзоиши ҷаҳонгардон

226
(Таҷдидшуда 14:09 31.05.2019)
Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши ҷаҳонгардон ҷойи аввалро ишғол кард

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии ҷаҳонгардӣ (UNWTO), соли 2018 селаи сайёҳон ба Тоҷикистон то 190 дар сад афзудааст.

Аз рӯи раддабандӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон афзоиши бештарини сафари ҷаҳонгардон ба кишвар ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод дар соли 2018-ум 190% афзоиш ёфтааст.

Ноҳияи Рашт барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ 4 хатсайри нав ташкил кард

Ҳамчунин, дар рӯйхати аввали раддабандӣ Эквадор (афзоиши сафари сайёҳӣ 51%), Миср (36,8%), Тувалу (35,5%) ва Уганда (31,9%) қарор доранд.

Дар баробари ин, Созмони ҷаҳонии ҷаҳонгардӣ 20 кишвари "меҳмондор"-ро муаррифӣ намудааст.

Аз ҳаммом то кошонаи ҳусн: дар ВМКБ 500 иншоот сохта мешавад

Дар панҷгонаи аввали раддабандӣ Фаронса (93,2 миллион сайёҳ), Испания (82,8 млн.), ИМА (82,2 млн.), Чин (62,9 млн.) ва Италия (62,1 млн.) ҷой гирифтаанд.

Афзоиши гардишгарон ва ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Русия дар 20-гона мақоми 16-умро ишғол мекунад. Соли 2019 ба Русия 24,6 миллион сайёҳ сафар кардааст.

226