2000 доллари генерал Назарзода ба ронандаи "Олуча-авто" барои пешгирии хатар ба амният

© Управление МВД по городу ДУшанбеҚадрдонии ронандаи таксии ширкати "Олуча-авто"
Қадрдонии ронандаи таксии ширкати Олуча-авто - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарияти Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе ронадаи таксии ширкати “Олуча-авто”-ро, барои кӯмак дар пешгирии ҷиноят қадрдонӣ кард

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Шариф Назарзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе як ронандаи таксиро барои пешгирии хатар ба амнияти кишвар бо 2000 доллар ва тӯҳфаҳои гаронбаҳо қадрдонӣ намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати ВКД  Душанбе хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Расулов Бахтиёр ронандаи ширкати "Олуча-авто" барои боздошти як нафар ҷинояткори махсусан хавфнок кӯмак кардааст.

Съемки фильма, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ ҳазор сомонӣ барои “Таксӣ”: баҳси филмофарии ҷавонон дар Душанбе

“Расулов ҳангоми кор ба як нафар ҷинояткори махсусан хавфнок, ки нияти содир намудани ҷинояти нооромкунандаи фазои осоиштаҳолии кишварро дошт, рӯ ба рӯ шуда, аз нияти нопоку ғаразноки ӯ хабардор мешавад. Дар ҳамин ҳол, номбурда барои пешгирии эҳтимоли сар задани ҷиноят ва дастгир намудани нафари ҷинояткор ба мақомоти милитсияи пойтахт мусоидат намудааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Генерал Назарзода барои қадршносӣ кардани Бахтиёр шахсан ба қароргоҳи ширкати "Олуча-авто" рафтааст.

Дар ҷараёни ин мулоқот Назарзода  таъкид намудааст, ки барои таъмини тартибот, оромиву тинҷӣ ва сулҳу суббот дар баробари мақомоти милитсия тамоми шаҳрвандон низ масъулияти ватандориву меҳанпарастӣ эҳсос намуда, мисли Бахтиёр Расулов дар иҷрои қарзи шаҳрвандии худ талош варзанд.

Дар ин росто Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе ба итилои кулли шаҳрвандон расондааст, ки он нафаре, ки дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат менамоянд, қадрдонӣ карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0