Борон, акс аз бойгонӣ

Ҳушдори ҳавошиносон: борони шадид, раъду барқ, жола ва сел дар назар аст

942
(Таҷдидшуда 11:32 03.06.2019)
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки 3 июн дар кишвар ҳавои номусоид боқӣ монда, дар бархе аз навоҳӣ борони шадид ва раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тибқи иттилои ҳавошиносони Тоҷикистон дар назар аст, ки сатҳи оби дарёҳои кишвар боло равад.

Манбаъ мегӯяд, дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва борон дар назар буда, шабона боришот шиддат мегирад. Ҳавошиносон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ низ боронро пешгӯӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асари борони шадид ва сели 2 июн дар навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлони Тоҷикистон даҳҳо хонавода осеби моддӣ дида, як ҷавони 18-сола, сокини деҳаи Меҳнатободи ҷамоати Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон ҷон дод.

Талафоти моддӣ ва ҷонӣ аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад ва ҷузъиёти он ироа хоҳад шуд.

942
Глава МИД РТ провел встречу зам главой МИД РФ Андрейем Руденко

Мулоқоти Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе: тарафҳо чӣ масоилро баррасӣ карданд

19
(Таҷдидшуда 01:40 15.08.2020)
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Русия дар шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Андрей Руденко муовини вазири умури хориҷаи Русия мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин дидор, масоили муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд. 

Гуфта шудааст, дар ин вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарокати Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина рушди пойдори ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра таъкид гардид.

Мусоҳибон инчунин роҷеъ ба пешбурди муколамаи вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия, ба хусус дар заминаи татбиқи муқаррароти Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои соли 2020 изҳори назар намуданд.

Ду тараф перомуни ҳамкории Душанбе ва Маскав дар чорчӯби қавонини Созмонҳои байналамилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҳамсуд, Созмон Ҳамкории Шанхай, Созмон паймони амнияти ҷамъӣ ва созмони амният ва ҳамкории Аврупо баҳс ва табодули назар карданд.

19
Барчаспҳо:
вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, гуфтугӯ, мулоқот, Душанбе, Русия, Тоҷикистон
Здание парламента Республики Таджикистан

Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ: мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагон бо сафири Ҳинд

19
(Таҷдидшуда 01:31 15.08.2020)
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Ҳинд дар Душанбе дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik.  Ба нақл дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Муҳаммадтоҳир Зокирзода, бо Вироҷ Синг сафири Ҳиндустон дар Душнбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Муҳаммадато Султонов сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот ду тараф дурнмои ҳамкориҳои байни парлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баҳс ва баррасӣ шуд. 

Вай афзуд, дар ин мулоқот таъкид шуд, ки Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба тавсеа ва густариши муносибот бо Ҳинд таваҷҷӯҳи  вижа кунад. 

Бояд қайд кард, ки мақомоти Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз соли 1991 то кунун 70 тавофуқнома барои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф бо якдигар имзо карданд.

Ҳудуди 80 ширкати ҳиндӣ дар Тоҷикстон фаъолият мекунанд.

19
Барчаспҳо:
Душанбе, маҷлис, парлумон, ҳамкорӣ, Ҳинд, Тоҷикистон